Дар Ҷамъияти саҳомии пўшидаи "Оби Зулол" хатҳои нави истеҳсолӣ фаъол мешавад

Масъулини Ҷамъияти саҳомии пўшидаи "Оби Зулол" бо воридсозии хатҳои нави технологӣ тасмим доранд, ки истеҳсоли маҳсулоти ғизои бачагона ва афшураҳоро ба роҳ монанд. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур иттилоъ дода шуд.

Ба иттилои масъулин ҶСП «Оби зулол» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузорӣ дар раванди саноатикунонии кишвар дар мамлакат аввалин шуда истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ғизои кӯдаконро дар зарфҳои “Дой-пак” ба роҳ хоҳад монд.

Бо ин мақсад корхона аз ширкати “Navatta Group”-и Итолиё хатти технологии “GUALAPACK» -ро ба маблағи наздик 700 ҳазор евро харидорӣ намудааст. Айни замон насби хатти технологӣ идома дошта, тавассути таҷҳизоти нав дар зарфҳои “Дой-пак” аз меваҳои себ, шафтолу, нок, қулфинай маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

Тибқи нақша дар назар аст, ки барои кудакон, наврасони синни томактабӣ ва ҷавонон омехтаи меваҳои пухтасоидашуда ё худ смузи аз гулчини меваҳо, олу, себ, шафтолу, биҳӣ, нок ва барои гуруҳи васеи истеъмолкунандагон нок, олу, анор, олуча бо мағзи ин меваҳо истеҳсол карда шавад. Ашёи хоми асосӣ барои маҳсулоти истеҳсолшаванда хамираи меваҳои ватанӣ маҳсуб ёфта, корхона бо хоҷагиҳо барои харидории 20 ҳазор тонна мева шартнома бастааст.

Ҳангоми пурра ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ, ки дар маҷмуъ ба маблағи 2,5 миллион евро харидорӣ шудааст, имкон пайдо мешавад, ки ба маблағи 120 миллион сомонӣ маҳсулоти иловагӣ истеҳсол ва беш аз 50 ҷойи корӣ таъсис дода шавад.

Маҳсулоти истеҳсолшаванда тибқи нақша ба бозорҳои дохилӣ бароварда шуда, ҳамзамон ба Федератсияи Россия ва Қазоқистон содирот карда мешавад.

Пас аз шиносоӣ бо ҷараёни насби таҷҳизот Раиси вилоят барои пурра ба анҷом расонидани корҳо ба роҳбарияти корхона тавсияҳои судманд дод.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh