Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти коргоҳи маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз” шинос шуд

Ҳамон рӯз дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти коргоҳи маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз” шинос шуд.

Коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфта, ба коркарди металл, истеҳсоли мех ва мехи печон машғул мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки ин корхона метавонад дар як моҳ то 600 тонна металлро коркард намуда, бештар аз 200 навъи мех ва мехҳои печон истеҳсол кунад. Ин навъи маҳсулот аслан ба кишвари мо аз хориҷ ворид мегардид ва ифтитоҳи коргоҳ тавонист, ки бо сифати баланди маҳсулоти худ дар бозорҳои мамлакат ҳамчун маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда рақобат намояд. Иншооти мазкур бо муосиртарин хатти истеҳсолӣ аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ таъмин буда, маҳсулоти босифатро бо назардошти талабот ва стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол менамояд.

Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот асосан аз корхонаҳои ватанӣ, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дастрас гардида, маҳсулоти ниҳоии сохтмонӣ ба бозорҳои мамлакат пешниҳод карда мешавад. Дар ҳоли авҷ гирифтани корҳои ободониву бунёдкорӣ ва сохтмони иншооти гуногун дар кишвар талабот ба ин навъи маҳсулот хеле зиёд буда, ҳамчунин корхона имконият дорад, ки барои содирот низ навъҳои гуногуни мех ва мехҳои печонро истеҳсол намояд. Ҳайати корӣ аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, малакаи хуби кор бо дастгоҳҳои муосирро соҳибанд. Дар корхонаи нав 50 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гашта, ба иттилои масъулин онҳо аз 2500 то 3000 сомонӣ музди меҳнат мегиранд.

Зимни шиносоӣ Раиси вилоят ба сифати маҳсулоти коргоҳ баҳои баланд дода, барои фаъолияти мунтазаму пурсамар ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ба масъулин тавсияҳо дод.

Фаъолияти бомароми корхона барои иқтисодиёти кишвар ва дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии мамлакат муҳим арзёбӣ гардид.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh