Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Бӯстон

Дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии мамлакат ва истеҳсоли маҳсулоти саноатии воридотивазкунанда дар вилояти Суғд корхонаҳо бо саҳми соҳибкорони ватанӣ ташкил гардида, фаъолияти мунтазам доранд.

Дар шаҳри Бӯстон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо имкониятҳои корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон - Бӯстон” шинос шуд.

Корхонаи мазкур ба коркард ва истеҳсоли маҳсулоти коғазӣ машғул буда, коғаз барои ташноб, дастпоккунакҳо ва дигар навъи маҳсулоте, ки аз коғаз омода мегардад, истеҳсолу пешниҳод мекунад.

Дар як моҳ корхонаи навтаъсис имконият дорад, ки то 50 тонна ашёи хомро коркард ва аз он маҳсулоти ниҳоӣ омода намояд. Ба иттилои масъулин Корхонаи “Дурахшон - Бӯстон” пурра дар асоси ашёи хоми ватанӣ фаъолият намуда, аз минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ашёи хом ба коргоҳ ворид карда мешавад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон - Бӯстон” аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфта, барои тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда ноил гардид.

Корхона бо хатти муосири истеҳсолӣ, ки сифати маҳсулотро ҳамаҷониба таъмин менамояд ва аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ фаъолият мекунад, муҷаҳҳаз буда, пас аз бозомӯзӣ дар ин ҷо 50 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд.

Раиси вилоят аз фаъолияти корхона изҳори қаноатмандӣ намуда баён дошт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоянд. Зеро имрӯз ба маҳсулоти корхона, ки ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ ва барои беҳдошти санитарию гигиенӣ махсус гардонида шудааст, талабот зиёд мебошад.

Роҳбари корхона вазифадор шуд, ки барои муҳофизати коргарон аз гирифторӣ ба беморӣ тамоми чораҳоро саривақт амалӣ намояд. Қоидаҳои бехатарии санитарию гигиенӣ ва меъёрҳои фосилавӣ қатъиян риоя карда шуда, бо ниқоб, дастпӯшак, маводҳои антисептикӣ ва корҷомаҳои махсуси корӣ таъмин ва корҳои безараргардонӣ бо маҳлули гипохлориди натрий мунтазам гузаронида шавад.

Ҳамчунин, барои рафту омади коркарон нақлиёти хизматӣ ташкил карда шавад. Ҳамаи ин чораандешӣ барои муҳайё кардани шароити кории коргарон ва фаъолияти мунтазами корхона боис мегардад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh