Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ “Атласи Хуҷанд”

Дар се моҳи аввали соли 2020 дар ҶДММ “Атласи Хуҷанд” 12 ҳазор метри тулонӣ атлас ва 2 ҳазор метри тулонӣ адрас истеҳсол гардидааст. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур иттилоъ дода шуд.

Ҷоизи зикр аст, ки дар вилояти Суғд ба эҳёву рушди ҳунарҳои миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, либосҳои миллию замонавие, ки аз матоҳои рангину пурҷилои атласу адраси тоҷик омода шудааст, харидорони сершумори худро дорад. Атласу адраси корхонаи “Атласи Хуҷанд” бо ороишҳои хоси худ фарқкунанда буда, маҳсулоти корхона дар чандин фестивалҳо ба намоиш гузошта шудааст. Аз ҷумла, дар фестивали «Атлас ва адраси тоҷик-2020», ки чанде пеш дар Қасри Арбоб баргузор гардид, 120 навъи атласи корхона ба маъраз гузошта шуд, ки аз он 51 намудаш атлас бо ороиши нав буд.

Дар корхона айни замон 54 нафар бо ҷойи корӣ таъминанд, ки аксари коргаронро занон ташкил медиҳанд.

Раиси вилоят дар аснои боздид ба роҳбарияти корхона барои боз ҳам бештар намудани ҳаҷми истеҳсоли атласу адрас, омодасозии либос бо ороишҳои нав ва ба ин васила тарбияи зебоипарастӣ ва тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ тавсияҳои муфид дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh