Оғози сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

31 марти соли 2020 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз бахшида шуд.

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 2 миллион сомонӣ равона карда мешавад.

Бино дар Ҷамоати шаҳраки Меҳробод ҷойгир буда, дар масоҳати 0,5 гектар қомат хоҳад афрохт. Он тибқи лоиҳа аз 3 ошёна ва 10 ҳуҷраи корӣ иборат аст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинони ноҳия таъкид кард, ки ба истиқболи ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳазорҳо иншооти нав ба истифода дода мешавад. Бинои сохташаванда яке аз чунин иншооти ҷашнӣ маҳсуб ёфта, он бо дастгирии аъзои ҳизб ва саҳми мақомоти иҷроияи маҳаллӣ бунёд мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh