Дар вилояти Суғд беш аз 60 корхонаи истеҳсоли орд ва равған фаъолият дорад

30 марти соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон аз як қатор корхонаҳои истеҳсоли орд ва равған боздид намуда, бо фаъолияти ширкатҳо шинос гардид.

Раиси вилоят нахуст фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли равған - ҶДММ “ЗирвЭко”, ҶДММ “Сахо” ва ҶДММ “Ҷилои Ҷавҳар”-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Тавре дар аснои боздид иттилоъ дода шуд, дар вилояти Суғд беш аз 30 корхонаи истеҳсоли равған фаъолият дошта, барои таъмини бозори дохилӣ бо равғани истеҳсоли ватанӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешаванд.

Дар натиҷаи дастгириҳои давлатӣ теъдоди корхонаҳои истеҳсоли равған сол аз сол зиёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот низ афзуда истодааст. Масалан, агар соли 2018 дар вилоят 4052 тонна равған истеҳсол гардида бошад, соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли равған ба 5090 тонна баробар шуд. Корхонаҳои истеҳсоли равған асосан дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Спитамен, Мастчоҳ, Зафаробод ва Ҷаббор Расулов фаъолият дошта, маҳсулоти истеҳсолшаванда сифати олӣ доранд. Дар ҳамаи корхонаҳо ба таври кофӣ маҳсулот захира гардида, равғани хушсифат мунтазам вориди бозорҳо гардонида мешавад.

Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ҶДММ “Анҳор”, ки ба коркарди ғалла машғул аст, шинос гардид. ҶДММ “Анҳор” яке аз корхонаҳои калонтарин дар самти коркарди ғалла маҳсуб ёфта, соли 2018 бо ташаббуси соҳибкор Зикруллохоҷа Самандаров мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Корхона соли 2018 зиёда аз 41 670 тонна ва соли гузашта 66 648 тонна орд истеҳсол намуда, барои бо маҳсулоти худӣ таъмин кардани аҳолӣ саҳми арзанда гузошта истодааст.

Зимни шиносоӣ таъкид карда шуд, ки имрӯз дар вилояти Суғд 32 корхонаи коркарди ғалла фаъолият дорад. Иқтидори корхонаҳои истеҳсоли орд беш аз 1 миллион тоннаро ташкил медиҳад ва корхонаҳои ватанӣ имконият доранд, ки талаботи аҳолиро қонеъ намоянд.

Раиси вилоят пас аз шиносоиҳо ба роҳбарияти корхонаҳои истеҳсоли орду равған ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳоли маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила саҳми бештар гузоштан дар саноатикунонии кишвар дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh