Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Мастчоҳ

28 марти соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод.

Ёдовар бояд шуд, ки соли равон ҷашни умумиҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ таҷлил мегардад ва алҳол ба истиқболи ин иди бузурги миллӣ ва 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёд ва азнавсозии даҳҳо иншооти мухталиф ҷараён дорад.

Зимни сафар Раиси вилоят нахуст дар шаҳраки Ганҷободи Ҷамоати шаҳраки Суғдиён рафти корҳои сохтмонии муассисаи таълимии навбунёдро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Чуноне иттилоъ дода шуд, муассисаи нави таълимӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади беҳтарсозии шароити таълиму тарбияи хонандагон бунёд гардида истодааст.

Бинои таълимӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳаҷми 12 миллион сомонӣ сохта шуда, фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят ва паймонкор ҶДММ «Сохтмон - 3» - и ноҳия мебошад.

Дар идомаи сафар Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони Қасри фарҳанги ноҳия, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт, аз наздик шинос гардид.

Қасри фарҳанг барои  1000 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, лоиҳаи он аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «САНИИОСП» омода шудааст ва тибқи нақша барои корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазсозии иншоот беш аз 30 миллион сомонӣ сарф хоҳад шуд.

Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, паймонкор ҶДММ “Сохтмон” - и ноҳия мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази Ҷамоати шаҳраки Бӯстон ҳамзмон бо рафти бунёди варзишгоҳи марказӣ ошно шуд. Варзишгоҳи замонавӣ дар маркази ноҳия бо 10 000 ҷойи нишаст бунёд гардида, лоиҳаи он аз тарафи пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «САНИИОСП» таҳия гардидааст. Барои бунёди варзишгоҳи марказӣ тибқи лоиҳа 11 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, корҳои сохтмонӣ алҳол босуръат идома дорад.

Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, паймонкор ҶДММ “Сохтмон” - и ноҳия мебошад.

Сипас, Раиси вилоят рафти сохтмони майдони Парчами давлатӣ, бинои иловагии таълимӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдорак ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро мушоҳида намуда, ба роҳбарияти ноҳия ва масъулони сохторҳои вилоятӣ барои тақвияти корҳо, бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои давлатӣ бунёд намудани иншооти ҷашнӣ, таъмини рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳо дод.

Дар поёни сафар Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон бо фаъолияти Кооперативи истеҳсолии  “Олимиён” шинос гардида, дар хоҷагии деҳқонии “Оли Сомон” ба кишти пахта оғоз бахшид. Тавре ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, аъзои хоҷагии деҳқонии “Оли Сомон” дар ихтиёри худ 11 гектар замин доранд ва имсол дар 9 гектари он пахта кишт хоҳанд кард.

Корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ муташаккилона сурат гирифта, кишоварзони ноҳия нақша доранд, ки соли равон дар 12400 гектар пахта кишт намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh