22 424 315 сомонӣ ба буҷети ҷумҳурӣ рӯёнида шуд

Дар бинои Суди вилояти Суғд бо иштироки рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ нишасти матботӣ баргузор шуд. Дар нишасти матбуотӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи Суди вилоят иштирок намуданд.

Раиси суди вилоят Оқилзода Бахтиёр Даврон оид ба натиҷаи фаъолияти судҳои вилоят ва шаҳру навоҳӣ дар соли 2019 иттилоъ дода, қайд кард, ки дар марҳалаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ 41903 парвандаи граҷданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархости мақомоти тафтишоти пешакӣ ва пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ баррасӣ шуданд.

Ҳамзамон, дар ин марҳала дар коллегияҳои судии Суди вилоят 550 парвандаи ҷиноятӣ, 318 парвандаи граҷданӣ ва 22 парвандаи маъмурӣ баррасӣ шуданд.

 Оқилзода Бахтиёр Даврон зикр намуд, ки соли 2019 - ум 321 парванда оид ба вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шудааст. Аз рӯи парвандаҳои баррасишуда нисбат ба 261 шаҳрванд ҷазои ҷарима ба маблағи 1 495 125 сомонӣ таъин шудааст.

Судяҳои вилоят дар соли 2019 аз рӯи маблағҳои боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи амволи давлатӣ ва зарари аз дигар ҷиноятҳо расонидашуда аз рӯи даъвоҳои прокурорҳо ва аз рӯи навиштаҷоти иҷроишии мақомоти гуногуни давлатӣ 22 424 315 сомониро ба буҷети ҷумҳурӣ рӯёнидаанд.

Гуфта шуд, ки роҳбарияти Суди вилоят ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои шанбе 376 нафар шаҳрвандро қабул намуда, арзу шикоятҳои онҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Дар интиҳои нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон ба суолҳои хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh