БУНЁДКОРИҲО ШАҲОМАТИ ҶАШНИ ТАЪРИХИАНД!

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар дар вилояти Суғд ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳи бештар равона шудааст.

Соли 2019 дар вилояти Суғд ба маблағи 12 миллиарду 888,3 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо ба 112,9 фоиз таъмин шудааст. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен - текстайл» яке аз корхонаҳои бузурги ноҳияи Спитамен ба шумор рафта, ба истеҳсоли маҳсулоти нахи пахта машғул мебошад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ин корхона аз наздик шинос гардида, барои афзун гардонидани нишондиҳандаҳо ва пурсамар намудани фаъолият ба муассис ва роҳбарияти корхона супоришҳои мушаххас дод. Тавре ки маълум аст, ин корхона дар масоҳати 5,4 гектар доман паҳн намуда, иқтидори солонаи корхона дар як сол 1,2 ҳазор тонна арзёбӣ карда мешавад.

Ба Раиси вилоят маълумот доданд, ки соли 2019 Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен - текстайл» ба маблағи наздик 15 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст.

Бино ба маълумоти додашуда, айни замон дар корхонаи мазкур бо фарогирии тамоми кормандони минтақа 1100 нафар фаъолият намуда, музди миёнаи маоши коргарон 800 сомониро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар ин корхона пурра сокинони маҳал бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Раиси вилоят аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба коркарди ашёи хоми пахта ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани он ёдовар шуд ва илова намуд, ки дар сурати пурра коркард шудани пахта даромади он даҳҳо баробар бештар мегардад.

Хотиррасон мешавем, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен-текстайл» соли 2010 ба фаъолият оғоз намуда буд. Барои рушди минбаъдаи корхона аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тадбирҳои судманд андешида шудааст. Раиси вилоят дар мавриди ҳарчи бештари коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулот, иҷрои уҳдадорӣ аз ҷониби корхона масъулинро вазифадор намуд.

Дар ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаи равғанбарории ҶДММ «Ганҷи Ҳилол» шинос шуд.

Ин корхона ба соҳибкор Акбар Ҳакимов тааллуқ дорад. Масоҳати умумии заминҳои корхонаи равғанбарорӣ 7,5 гектарро ташкил медиҳад. Тавре ки ба Раиси вилоят маълумот доданд, дар корхона асосан маҳсулоти равған, кунҷора бо истифода аз донаи офтобпараст ва тухми чигит истеҳсол карда мешавад. Дар умум дар ин корхона 7 намуди растаниҳои равғандеҳ коркард карда мешавад.

Раиси вилоят бо шароити корӣ, раванди истеҳсолот ва дигар имконоти корхонаи равғанбарорӣ ошноӣ пайдо намуда, ба роҳбари корхона ҷиҳати ба роҳ мондани хатти нави истеҳсолӣ, аз ҷумла истеҳсоли ҳалвои офтобпараст тавсияҳои муфид дод. Бино ба гуфти масъулин, иқтидори корхонаи равғанбарорӣ айни замон дар як шабонарӯз 150 тонна ашёи хом мебошад. Дар назар аст, ки то охири сол дар ин корхона беш аз 12 ҳазор тонна равған истеҳсол карда шавад. Соли 2019 дар ин корхона ба маблағи наздик 6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст. Шумораи кормандон бошад, 65 нафарро ташкил медиҳад. Ҳоло дар корхонаи мазкур дар як моҳ то 300 тонна кунҷора истеҳсол мегардад.

Раиси вилоят аз сехҳои коркард, ширинкунӣ ва истеҳсолу банду басти равған дидан намуда, барои боз ҳам назаррас гардонидани фаъолияти корхона дастуру супориш ва тавсияҳои муфид дод. Дар ояндаи наздик аз ҷониби ҶДММ «Ганҷи Ҳилол» як корхонаи дӯзандагӣ бунёд карда, ба истифода дода мешавад. Раиси вилоят аз соҳибкорон даъват ба амал овард, ки дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзанда гузоранд.

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар ноҳияи Спитамен бобати ҳалли мушкилоти норасоии синфхонаҳо ва бартараф намудани муассисаҳои таълимии садамавӣ тадбирҳои судманд андешида мешавад. Масалан, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бинои нави иловагӣ барои хонандагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин муассиса шинос шуд. Маълумот дода шуд, ки мактаби нав барои 1240 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, маблағҳои равонашуда ҳудуди 10 миллион сомониро дарбар мегирад. Бинои мактаб аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 16 синфхона, ҳуҷраҳои маъмурӣ, ошхона барои 150 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, варзишгоҳ ва дигар инфрасохтори зарурӣ хоҳад буд. Дар назар аст, ки дар таҳхонаи бино кабинетҳои фаннӣ, ба монанди мусиқӣ, санъати тасвирӣ, таълими меҳнат, технологияи иттилоотӣ ва монанди ин ҷой дода мешавад. Бино ба маркази ягонаи гармидиҳӣ пайваст карда мешавад. Раиси вилоят таъкид намуд, ки муассисаи нав бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд карда шавад.

Дар умум, ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дар дигар кунҷу канори кишвар дар ноҳияи Спитамен низ корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад.

Дар ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод - 2» бо фаъолияти гармхонаи инноватсионӣ шинос шуд. Ояндаи наздик дар масоҳати 4 гектар 4 гармхонаи гидропоникӣ сохта шуда, дар яктои он помидор, дар дигараш бодиринг, дар сеюмин зироати қаламфури ширин ва дар гармхонаи чорум бошад, ниҳоли банан парвариш карда мешавад.

Раиси вилоят аз гармхонаи мавҷудаи ин хоҷагӣ дидан намуда, дар суҳбат бо кормандон ва намояндагони сохторҳои дахлдор изҳор дошт, ки бунёди чунин гармхонаҳои замонавӣ ва рӯёнидани ҳосили фаровон ба поён рафтани арзиши маҳсулот дар бозор мусоидат намуда, ҳамзамон ҷиҳати таъмини мардум бо ҷойи кор замина фароҳам меоварад.

Истифодаи технологияи нави парвариши сабзавот имкон медиҳад, ки аз як замин ду - се ҳосил руёнида шавад ва ин иқдом барои ғанӣ гардидани буҷаи ҳар оила таъсири амиқ мерасонад. Барои пешгирӣ аз ҳашарот ва ҳама гуна касалиҳо усулҳои муосири биологӣ дар ин гармхона фаровон истифода карда мешавад. Бояд гуфт, ки дар ин гармхона бори дувум аст, ки помидор парвариш карда мешавад. Ҳосили марҳалаи аввал моҳи ноябр оғоз шуда, то моҳи январ идома ёфт. Дар масоҳати як гектар 28 - 30 ҳазор бех помидор шинонида мешавад. Вобаста, ба навъи помидор пухтарасии он 90 - 140 рӯзро дарбар мегирад. Аз ҳар як ниҳоли помидор ба ҳисоби миёна 4 - 5 кило ҳосил ба даст оварда мешавад. Албатта, ҳеҷ як муваффақият бе меҳнат ба даст намеояд ва барои ноил гардидан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар ин гармхона дастаҷамъона меҳнат намуда истодаанд, то ҳосили фаровон руёнида шавад.

Дар ҳамин мавзеъ Раиси вилоят бо раванди корҳои бунёди боғи суперинтенсивӣ шиносоӣ пайдо намуд. Маълумот доданд, ки дар майдони бештар аз 5 гектар боғи нави суперинтенсивӣ бунёд мегардад ва дар ҳар гектари он зиёда аз 3 ҳазор ниҳол шинонида хоҳад шуд.

Раиси вилоят баён дошт, ки чунин майдони боғи суперинтенсивӣ соли равон ба 11 гектар расонида мешавад. Ин заминҳое, ки айни замон барои боғ омода гардидааст, дар гузашта заминҳои бекорхобида дониста мешуд. Бо бунёди боғ ҳам замин самаранок истифода мегардад ва ҳам меваҳои он ба кишварҳои хориҷ содирот карда мешавад.

Дар ҷамоати деҳоти Тағояк Раиси вилоят дар маъракаи кишти картошкаи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии “Спитамен - 2020” иштирок намуд. Маълумот доданд, ки соли равон дар ноҳияи Спитамен дар майдони наздик 130 гектар картошкаи барвақтӣ кишт карда мешавад.

Дар вилояти Суғд бошад, майдони кишти картошкаи барвақтӣ ба беш аз 1500 гектар расонида мешавад. Баъди суҳбат бо мутахассисон Раиси вилоят бо нияти серҳосилии картошка тавсия дод, ки ҳангоми шинонидани картошка тамоми меъёрҳои агротехкникӣ риоя карда шавад. Дар ин хоҷагии деҳқонӣ қабл аз оғози кишт нуриҳои минералиро истифода намуда, корҳои агротехникӣ анҷом дода мешавад.

Майдони умумии заминҳои ин хоҷагӣ 18 гектарро ташкил медиҳад. Хоҷагидорон ният доранд, ки аз як замин то 3 - 4 ҳосил рӯёнанд.

Дар ҷамоати деҳоти Ӯлҷабоев Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳашари бунёди боғи интенсивӣ иштирок намуд.

Дар хоҷагии деҳқонии “Исмоилов М” дар майдони 3,3 гектар боғи нав бунёд мегардад. Барои анҷоми корҳо ниҳолҳои хушсифат ва ба иқлими минтақа мувофиқ оварда шудааст. Раиси вилоят бо собиқадорону шахсони рӯзгордида суҳбат намуда, ба онҳо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро тақдим намуд.

Раиси вилоят дар корҳои ниҳолшинонӣ иштирок намуда, тавсия дод, ки майдони чунин боғҳои интенсивӣ боз ҳам бештар карда шавад.

Даромадгоҳи ноҳияи Спитамен ба ободонӣ фаро гирифта шуда, дар ин минтақа ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонида мешавад. Раиси вилоят бо мақсади боз ҳам ободу сарсабз гардидани ин мавзеъ дарахтони ороишӣ шинонида, супориш дод, ки дар тамоми ҷамоату деҳоти ноҳия ба шинонидани ниҳолҳои хамешасабзу орошӣ таваҷҷуҳ карда шавад. Зеро дар ин сурат ҳам симои ноҳия тағйир меёбад ва ҳам муҳити экологӣ беҳтар мешавад. Барои дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашнҳои дарпешистода ба шахсони масъул вазифаҳои мушаххас дода шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh