Нақши калидӣ дар рушди иқтисодиёт

Санаи 7 – уми декабри соли равон дар толори конфронсии Меҳмонхонаи «Суғдиён» - и маркази вилоят бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид, ки дар он кормандони мақомоти молияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, фаъолони соҳа ва собиқадорони меҳнат ширкат варзиданд.

Чорабиниро сардори Сарраёсати молия дар вилояти Суғд Анвар Мирзозода ифтитоҳ намуда, аҳли толорро ба муносибати иди касбӣ ва 95 – солагии таъсисёбии мақомоти молияи ҷумҳурӣ шодбош гуфт. Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ низ дар чорабинӣ ширкат варзида, ба самъи ҳозирин Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти молия ироа дошт. Мавсуф аз ҷумла, таъкид намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои рушди иқтисодиёт, болоравии соҳаҳои иқтисотдиву фарҳангӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ тадбирҳои зиёдро амалӣ мекунад ва ҷиҳати амалӣ гардонидани онҳо кормандони мақомоти молия нақши калидӣ доранд.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ саҳми кормандони мақомоти молия дар омода намудан ва таъмини иҷрои буҷети давлатӣ, танзими истифодаи босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ ва идоракунии низоми молиявӣ арзишманд арзёбӣ гардид.

Собиқадори хизмати давлатӣ, Аълочии молияи Иттиҳоди Шуравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Карамулло Одилов ба сухан баромада, аз нақшу мақоми шоистаи ин сохтори муҳими иқтисодӣ дар рушди кишвар ҳарф зад ва барои дастгириҳо ба роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бахусус ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода изҳори сипос намуд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолон ва мутахассисони варзидаи соҳа унвони Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Сипосномаи сохторҳои мухталифи давлатӣ ва ҷамъиятӣ тақдим ва собиқадорони меҳнат қадршиносӣ гардиданд.

Дар фарҷом китоби нави «Суғд: Идоракунии молиявии давлатӣ», ки бахшида ба ин ҷашн тариқи нашриёти «Хуросон» - и шаҳри Хуҷанд ба табъ расидааст, муаррифӣ гардид.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh