Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти молия

Ҳамдиёрони азиз!

Ба муносибати иди касбӣ - Рӯзи кормандони мақомоти молия ҳамаи кормандон ва собиқадорони соҳаро шодбош гуфта, тансиҳативу хотирҷамъӣ, барори кору муваффақиятҳо таманно дорам. Боиси зикр аст, ки ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” санаи 7 - уми декабр Рӯзи кормандони мақомоти молия ҷашн гирифта мешавад. Саҳми кормандони мақомоти молия дар омода намудан ва таъмини иҷрои буҷети давлатӣ, танзими истифодаи босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ ва идоракунии низоми молиявӣ беназир буда, онҳо дар пешрафти хоҷагии халқ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии бошандагони кишвар нақши бориз мегузоранд.

Соли равон ба таъсисёбии мақомоти молияи кишвар 95 сол пур мешавад. Ин рақам шаҳодат аз он медиҳад, ки кормандони мақомоти молия солҳои тӯлонӣ дар пешрафти хоҷагии халқ ҳиссагузор будаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид кардаанд: “Пешбурди оқилонаи сиёсати молиявӣ ва муътадилии он дар ҳама давру замонҳо омили асосии устувории давлат мебошад”. Аз ин рӯ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои таъмини рушди иқтисодиёт, болоравии соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ тадбирҳои зиёдро роҳандозӣ мекунад ва ҷиҳати амалӣ гардонидани онҳо кормандони мақомоти молия мавқеи калидӣ доранд.

Алҳол дар кишвари тозаистиқлоламон омодагиҳо ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Дар ин радиф, дар қаламрави вилоят бунёд, таъмиру таҷдид ва азнавсозии наздик 7 ҳазор иншоот дар назар дошта шудааст. Садҳо иншоот, аз қабили бинои муассисаҳои таҳсилоти умумию томактабӣ, маркази саломативу беморхона, боғҳои истироҳату майдончаҳои варзишӣ, ободонии роҳу кӯчаҳо, вусъати корҳои ободонӣ, сарсабзу хуррам гардонидани макони зист ва даҳҳо иншооти ҳаётан муҳим аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, ки ба пешрафти сиёсати молиявии давлат робитаи қавӣ доранд.

Бовар дорам, ки кормандони мақомоти молия тамоми дониш, малака ва истеъдоди фитрии хешро дар фаъолияти босамар баҳри афзоиши буҷети давлатӣ, зиёд кардани даромадҳои аҳолӣ ва пешбурди сиёсати молиявии давлат равона менамоянд. Бо чунин таманниёту ниятҳои нек бори дигар кормандони мақомоти молияро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, сиҳатии комил, саодати рӯзгор ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти хизматӣ комёбиҳо орзу менамоям.

Рӯзи кормандони мақомоти молия муборак, дӯстони иззатманд!

 

Add comment


Security code
Refresh