ИНТИҚОЛИ МАБЛАF БЕҲТАР МЕГАРДАД, - мегӯяд муовини мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Зебо Сираева

Шурӯъ аз санаи 3 декабри соли равон дастрасии маблағи ба Тоҷикистон интиқолшуда тариқи Маркази ягонаи протсессингӣ амалӣ гардид ва ин низоми нав боиси сару садоҳои зиёд дар байни мардум шуд. Маблағи воридшуда, асосан тавассути низомҳои бонкии «Золотая Корона», «Близко», «Вестерн Юнион» сурат мегирифт, вале пас аз ворид шудани дигаргунӣ ба низоми бонкӣ мушкилоти зиёде пеш омадааст.

Вазъияти баамаломада аксар сокинонро ба ташвиш андохтааст ва имрӯз дар назди бонкҳо навбатҳои тӯлонӣ ба назар мерасанд. Сокинон бар он ақидаанд, ки дигар наздиконашон аз мамолики хориҷ, алалхусус Федератсияи Россия маблағ интиқол дода наметавонанд. Муовини мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Зебо Сираева ба масъалаи мазкур равшанӣ андохта, чунин гуфт:

Интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоюли рушди босуръатро дошта, ҳисса ва нақши он дар миёнаравии молиявӣ ба таври назаррас зиёд шуд. Дар асоси таҷрибаи солҳои тӯлонӣ, Бонки миллии Тоҷикистон таҳлили вазъи бозори интиқоли маблағҳои пулиро бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ дар Тоҷикистон гузаронида, як қатор мушкилиҳоеро ошкор намуд, ки ба устувории низоми бонкӣ метавонад таъсири манфӣ расонида, боиси коҳиш ёфтани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ гардад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади пешгирӣ намудани ҳама гуна хавфҳои эҳтимолӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ба фаъолият оғоз намуда, тамоми интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз тавассути Маркази миллии протсесcингӣ роҳандозӣ шуд.

- Фаъолияти Маркази ягонаи протсессингӣ дар чӣ ифода меёбад ва он ба сокинон чӣ манфиат дорад?

- Мавҷуд будани Маркази ягонаи протсессингӣ ба ҳимояи манфиатҳо мусоидат намуда, талаботи истифодабарандагони хизматрасонии интиқоли маблағҳоро қонеъ менамояд. Аз ин рӯ, ҳоло амалиёти интиқолӣ тавассути он низомҳои пардохтие, ки бо Бонки миллии Тоҷикистон шартнома баста, ба Маркази миллии протсесcингӣ пайваст шудаанд, анҷом дода мешаванд. Маркази миллии протсессингӣ имкон фароҳам меорад, ки интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар шакли ғайринақдӣ ба таври зуд, боэътимод ва бехатар анҷом дода шаванд.

- Тавассути кадом низоми пардохтӣ гирифтани маблағи воридгардида сурат мегирад?

- Аз санаи 3 – юми декабри соли 2019 тамоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ тавассути низомҳои пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт”, ки ба Маркази миллии протсессингӣ пурра пайваст гардидаанд, амалӣ шуда истодаанд ва шаҳрвандон метавонанд, тавассути ин низомҳо бе мамониат интиқоли маблағҳоро анҷом диҳанд. Инчунин, низоми пардохтии “Вестерн Юнион” пайвастшавиро ба Маркази миллии протсессингӣ босуръат идома дода истодааст ва дар рӯзҳои наздик тавассути низоми мазкур низ интиқоли маблағҳо имконпазир мегардад. Бояд қайд намуд, ки низоми пардохтии “Золотая Корона”, ки ҳаҷми зиёди маблағҳо тавассути он интиқол мегардид, ба Маркази миллии протсессингӣ пайваст нашуд ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин накард, аз ин лиҳоз, интиқоли маблағҳо тавассути низоми мазкур ғайриимкон мебошад. Он муштариёне, ки маблағҳои худро тавассути низомҳои пардохтии “Золотая Корона”, “Близко” ва “MoneyGram” интиқол додаанд, метавонанд маблағҳоро аз ин низомҳо бозпас гирифта, тавассути низомҳои “Юнистрим” ва “Контакт”, инчунин суратҳисобҳои бонкӣ интиқол диҳанд.

- Дар байни халқ овозаҳое ҳастанд, ки гӯё интиқоли маблағ аз байн рафтааст, лутфан мегуфтед, ки имрӯз сокинони вилоят чӣ тавр маблағи воридшударо дастрас кунанд?

- Ин овозаҳо ягон асос надоранд ва аз фурсат истифода бурда, шаҳрвандони ҷумҳуриро даъват менамоем, ки наздикони худро дар давлатҳои хориҷа огоҳ намоянд, ки ҳангоми интиқоли маблағҳо аз хориҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматрасонии низомҳои пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт” истифода баранд. Коди “Юнистрим” 12 - рақама ва коди “Контакт” 9 - рақама буда, ин низомҳо дар тамоми гӯшаву канори Федератсияи Россия филиал ва намояндагиҳои худро доранд. Мизоҷон инчунин метавонанд, маблағҳои худро тариқи аз як корт ба корти дигар гузаронидан, яъне аз корти бонкҳои Россия ба корти бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд”, ҶСК “Комерсбонк Тоҷикистон”, ТАҚХ “Душанбе Сити”, ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСК “Ориёнбонк” ва ҶСП “Халиқ Бонк Тоҷикистон” дастрас намоянд. Интиқоли маблағҳо тавассути низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст нашудаанд, амалӣ карда намешавад.

Аз ҷумла, минбаъд аз ҷониби ташкилоти қарзӣ кодҳои 9 - рақамаи низоми пардохтии “Золотая Корона” мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд. - Барои беҳтар дастрас гардидани интиқоли маблағ дар низоми бонкӣ чӣ чораҷӯӣ роҳандозӣ мегардад? - Дар мавриди аз ҷониби дигар низомҳои пардохтӣ иҷро гардидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайваст шудани онҳо ба Маркази миллии протсессингӣ фаъолияти онҳо дар кишвар барқарор мегардад.

 Мақсади асосии таъсиси Маркази миллии протсессингӣ баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағҳо, таъмини шаффофияти амалиёт ва коҳиш додани хавфи транзаксионӣ бо мақсади таъмин намудани устувории низоми бонкию молиявӣ дар кишвар ва ба амал овардани заминаи мусоид барои амалиёти бехавф иборат мебошад. То охири моҳи декабр мунтазам дигар низомҳои пардохтӣ ба Маркази миллии протсессингӣ пайваст мешаванд ва низоми бонкӣ дар навбати худ барои таъмини саривақтии хизматрасониҳои интиқоли маблағҳо ба муштариён тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ мекунад.

Умед дорем, ки дигаргунии воридгардида минбаъд барои шаҳрвандони кишвар баҳри дастрас кардани маблағи интиқолшуда муаммое пеш намеорад, зеро аз гуфтаи масъулин бармеояд, ки низоми нави ҷоришуда, маҳз ба манфиати сокинон аст.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh