Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи коркарди сабзавот ва меваи “Хуҷандагро”

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи коркарди сабзавот ва меваи “Хуҷандагро” ошно шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаи навтаъсис ба коркарди меваю сабзавот машғул буда, алҳол дар он беш аз 50 нафар кор мекунанд. Дар корхона асосан коркарди сабзӣ, лаблабу, карам, пиёз, себ, зардолу ва дигар анвои меваю сабзавот бо таҷҳизоти истеҳсоли Русия, Чин ва Украина ба роҳ монда шуда, дар як шабонарӯз беш аз 15 тонна маҳсулот мавриди коркард қарор мегирад. Барои коркард ва истеҳсоли маҳсулот беш аз 500 тонна маҳсулот захира карда шудааст.

Таъкид шуд, ки корхона меваву сабзавотро аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дастрас намуда, бо истифода аз технологияҳои муосир коркард ва мувофиқи талаботи бозор маҳсулот омода менамоянд. Маҳсулоти истеҳсолшуда бошад асосан ба содирот нигаронида шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои боздид бо ёдоварӣ аз ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии кишвар таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти соҳибкорон шароити заруриро фароҳам овардааст.

Роҳбарияти корхонаро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамшуда ҷиҳати афзун намудани ҳаҷму номгӯйи маҳсулот, шумораи кормандон ва баланд бардоштани маоши онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бояд таъкид кард, ки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳанӯз 21 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бо соҳибкорони тоҷики муқими ин кишвар мулоқот карда, аз соҳибкорони бурунмарзӣ даъват карда буд, ки барои рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон саҳмгузорӣ намоянд.

Корхонаи “Хуҷандагро” самараи ҳамон мулоқот аст ва соҳибкори бурунмарзӣ Мақсудҷон Абдуҷалилов пас аз иштирок дар ҳамоиши соҳибкорон дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни руси худ дар шаҳри Хуҷанд корхонаи нав бунёд сохт.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh