Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова

3 декабри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамоваро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз муносибатҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмони молиявии бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Раиси вилоят саҳми Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро дар амалисозии лоиҳаҳои гуногун назаррас арзёбӣ карда, иброз дошт, ки бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар вилояти Суғд барои беҳтар намудани хизматрасонии нақлиёти мусофиркашон, партовкашонӣ ва коркарди он, дастрасӣ ба оби нӯшокӣ лоиҳаҳои судманд амалӣ шуда истодааст.

Бо дастгирии ташкилоти молиявӣ ҳамзамон дар шаҳри Хуҷанд зеристгоҳҳои барқӣ ба истифода дода шуда, навсозии Нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” идома дорад. Дар маҷмуъ, ҳаҷми умумии маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои амалишавии лоиҳаҳои барои хоҷагии халқ муҳим 200 миллион евроро ташкил медиҳад.

Тарафҳо дар аснои мулоқот инчунин дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуда, барои амалисозии лоиҳаҳо дар самти дастгирии соҳибкорӣ мубодилаи афкор намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh