Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори марказии "Панҷшанбе"

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ва раванди корҳои ободонӣ дар ҳудуди бозори марказии «Панҷшанбе» аз ин маркази бузурги савдои вилоят ва бозорҳои атрофи он боздид намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз растаи маҳсулоти гуногун, пеш аз ҳама таваҷҷуҳ ба нархи он намуда, аз масъулини дахлдор даъват ба амал овард, ки дар остонаи Соли нави мелодӣ нархҳо танзим ва то ба қадри имкон поён оварда шавад. Роҳбари вилоят дастур дод, ки бо ташкили дӯконҳои фурӯши гӯшт аз ҷониби Ҷамъияти иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и вилоят ва дигар сохторҳои дахлдор якҷо бо хоҷагиҳои кишоварзию чорводорӣ ба арзиши он таъсиргузорӣ намоянд, то ин ки ба мардум дастрас гардад.

Таъкид шуд, ки таъмини фаровонии маҳсулот дар бозор дар остонаи Соли нави мелодӣ тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҳадаф пеш аз ҳама бо нархи нисбатан арзон пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия аст.

Зикр гардид, ки ҳама намуди маҳсулоти ниёзи аввалия дар вилоят истеҳсол карда мешавад ва барои таъмини фаровонии бозор ва поён бурдани нархҳо имконияти зиёд вуҷуд дорад.

Зимни суҳбат бо фурӯшандагони бозори «Панҷшанбе» Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз тадбирҳои муҳими Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти вилоят дар самти таъмин амнияти озуқаворӣ ёдовар шуда, аз тоҷирон даъват намуд, ки барои афзун намудани маҳсулот ва бо нархҳои дастрас ба фурӯш гузоштани онҳо саъй намоянд.

Сипас, Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар бозори марказии «Панҷшанбе» шинос шуда, ба масъулин дастур дод, ки ба ҳолати санитарию эпидемологии бозор диққати авалиндараҷа дода, аз сохтмонҳои ғайриқонунӣ ва вайрон гардидани сохти меъмории бозор ҷилавгирӣ намоянд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо раванди бунёди гузаргоҳи зеризаминии кӯчаи Шарқи мавзеъи бозори марказии "Панҷшанбе" низ ошно гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин гузаргоҳи зеризаминӣ корҳо вусъат бахшида шуда, дар се баст беш аз 60 нафар сохтмончиён кору фаъолият доранд.

Гузаргоҳи зеризаминӣ бо паҳноии 18 метру дарозии 260 метр бунёд шуда, дар он сохтмони беш аз 70 нуқтаи савдо пешбинӣ гардидааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ дастур дод, ки ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо тадбирҳо андешида, ҳар чӣ зудтар барои равуои бемайлони мардум шароит муҳайё созанд.

Ҳамзамон ҷиҳати мумфаршкунии пурраи кӯчаи Шарқ, чароғоннамоӣ ду қадди роҳ бо усули муосир, сохтмони ҷӯйбор ва девораҳои қадди роҳ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

 Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Add comment


Security code
Refresh