ИРОДА БОШАД, ОРЗУ ГУЛ МЕКУНАД!

Аз 25 – уми ноябр то 10 - уми декабр дар тамоми ҷаҳон «16 рӯзи алайҳи хушунат нисбати занон» гузаронида мешавад. Дар ин замина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2023” қабул карда шудааст. Соли 2017 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан сехи дӯзандагии «Ноҳид» ифтитоҳ гардид.

Сехи мазкур бевосита бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Фонди рушди ҷомеа» ташкил гардида, ба он занони маъюб ҷалб шудаанд. Роҳбари ин ташкилот Бахтиёр Абдуҷабборов қайд кард, ки барои дарёфти шахсони дорои маъюбиятдошта (маъюбони шунавоиву гуфторашон суст) ба мушкилоти зиёде дучор шудем, зеро падару модари онҳо намехостанд, фарзандони худро бо ҷомеа пайванданд ва баъзеашон розигӣ надоданд. Вале тавассути корбарии пайваста тавонистем, онҳоро сарҷамъ карда, ба касби дӯзандагӣ ҷалб намоем.

Гулноза Дадоева, 26 - сола, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан: - Аз хурдӣ падару модар маро дар хона нигоҳ медоштанд. Намедонам, аз кадом сабаб бошад, шояд аз маъюбиам дар назди ҷамъият шарм медоштанд. Вақте худро шинохтам, дарк кардам, ки ба дигарон монанд нестам. Барои ба берун баромадан метарсидам, гӯё ҳамагон сӯям бо ангушт ишора мекарда бошанд.

Дар хона тамоми корҳоро мекардам. Ҳам рӯбучин мекардаму ҳам хӯрок мепухтам, ҳам дарзмол мекардаму ҳам ҷомашӯӣ… Меҳри падару модар бароям басанда набуд, зеро на онҳо маро мефаҳмиданду на ман онҳоро, наметавонистам, аз хоҳишу орзуҳои худ дараке диҳам. Гулноза дар ҷое нахондаасту соҳиби касбе ҳам нагардидааст. Ӯ ҳатто барои орзу кардан имконият надошт. Ҳатто, расми даври кӯдакиву наврасиаш ҳам набуд. Дар оила аз шаш нафар фарзанд ӯ ягона нафарест, ки маъюб таваллуд шудааст. Ҳатто дар гӯшаи хаёлаш набуд, ки рӯзе соҳиби ҳунари дӯзандагӣ мегардаду барои меҳнаташ маблағ ба даст меорад.

- Вақте бо Гулноза шинос шудам, ӯ мисли кӯдак буд. Аз шахси омада метарсиду пинҳон мешуд. Чанд маротиба ба суроғаш рафтем, падару модар садди роҳамон гаштанд. Вале тавонистем, ӯро аз ҳабси хонагӣ озод кунем, забони имову ишораро омӯзонида ба ҳунари дӯзандагӣ ҷалб созем. Муваффақиятҳояшро дида, хеле шод гаштем, - гуфт Бахтиёр Абдуҷабборов.

Имрӯз ӯ дар сехи мазкур бо бандубаст машғул аст ва вазифаи бар зиммааш гузошташударо бо сифати баланд ва аз самими дил ба иҷро мерасонад. Дар вақти муайяншуда сари кор мешаваду баробари кор кардан бо ҳамагон тариқи имову ишора суҳбат мекунад. - Аз муваффақияте, ки ба даст овардам, хеле шод ҳастам. Ҳатто орзуи байни ҷамъият буданро кардан бароям ваҳмангез буд. Ду сол қабл ҳаёти худро якрангу бемаъно меҳисобидам, вале имрӯз дар қатори дигар ашхос кору фаъолият кардан бароям тӯҳфаи беҳтарини Худованд аст.

Шукр мегӯям, ки тақдир маро ба чунин рӯзҳои фараҳбахш расонид, - ашкрезон мегӯяд Гулноза. Зуфар Набиев - тарҷумони имову ишора: - Вақте омӯзишро оғоз кардем, ба мушкилот рӯ ба рӯ омадем, зеро ягон нафари онҳо муошират бо имову ишораро намефаҳмиданд. Азбаски онҳо солиёни дароз аз ҳавлии истиқоматии худ берун набаромадаанд, ҳадафи моро фаҳмидан ҳам мушкил буд. Вақте онҳо худро дар иҳотаи шахсони ба худ монанд диданд, оҳиста - оҳиста одат карданд ва шавқи омӯзиш дар онҳо бештар шуд.

Боиси қайд аст, ки тӯли шаш моҳ ба занони маъюбиятдошта муоширати имову ишора омӯзонида шуд, зеро на ҳар нафари онҳо дар курсҳои омӯзишии имову ишора таҳсил карда буданд. Ҳадаф аз омӯзиши муоширати имову ишора ин муошират бо атрофиён, изҳори ақида ва азхуд кардани касби дӯзандагӣ буд. Ҳанӯз ду сол муқаддам аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Фонди рушди ҷомеа» ба сехи дӯзандагии «Ноҳид» барои омӯзиш ва бо ҳунар фаро гирифтани занони маъюбиятдошта лоиҳа пешниҳод гардида буд. Занону духтарони маъюб соҳиби илму дониш, маълумот ва касб нестанд, намояндагони сехи мазкур боварӣ надоштанд, ки онҳо метавонанд, касби дӯзандагиро азхуд кунанд. Ҳоло 16 нафар чунин зану духтар ба пуррагӣ бо кор фаро гирифта шудаанд.

Баҳодур Қулиев - сардори сехи дӯзандагии «Ноҳид»: - Дар аввали фаъолият 30 нафар зани маъюб буданд, вале 5 - 6 нафар дӯзандагиро тамоман азхуд карда натавонистанд. 5 нафари дигар бошанд, соҳиби оила шуданд. Вақте бори аввал бо чунин занону духтаракон рӯ ба рӯ шудам, гумон доштам, ки онҳо қобилияти коромӯзиро надоранд ва вақт беҳуда сарф мешавад. Дарвоқеъ, тарзи муошират ва коромӯзӣ бо ашхосе, ки сухан гуфта наметавонанду қобилияти шунавоиву гуфторашон суст аст, машаққати зиёдеро талаб кард.

Танҳо бо кӯмаки мутахассиси муоширати имову ишора тавонистем, ба онҳо дӯзандагиро омӯзонем. Барои худро дар байни ҷамъият эҳсос кардани онон мо тасмим гирифтем, ки баробари онҳо занони солим низ ба ҳунаромӯзӣ ҷалб шаванд. Имрӯз, хушбахтона, ба натиҷаи дилхоҳ расидем, зеро занони мо нисбат ба ҳунари дӯзандагӣ шавқу рағбати беандоза доранд. Онҳо дар як моҳ 1500 сомонӣ маош мегиранд. Ба гуфти Баҳодур Қулиев, ба пуррагӣ омӯзонидани касби дӯзандагӣ вақти зиёдро талаб кард. Вале имрӯз ҳар як нафаре, ки ин касбро азхуд кард, нисбат ба занони солим сифати корро ба дараҷаи аъло ба анҷом мерасонад. Занони чобукдасту меҳнатдӯст дар сехи мазкур маҳсулоти саноатӣ омода мекунанд ва асосан 60 намуд маҳсулот мебароранд. Маҳсулоти тайёршуда бозори дохилиро таъмин мекунад.

Имрӯз заҳмати онҳоро ҳамагон қадр мекунанду харидорони зиёде дар навбат меистанд. Боиси таъкид аст, ки дар шаҳри Истаравшан Ташкилоти ҷамъиятии «Занон - зидди зӯроварӣ» амал мекунад, ки фаъолияти он асосан дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, дастгирӣ, ҳимояи занони ҷабрдида ва бо хушунат дар оила дучоргардида мебошад. Бино ба гуфти ҳуқуқшиноси ташкилот Шероз Ёдгоров, давоми даҳ моҳи соли равон 379 нафар шаҳрванд муроҷиат карданд, ки аз инҳо 88 нафарашон мард мебошанд. Аз миқдори муроҷаткунандагон 248 нафар зан нисбат ба ҷой доштани зӯроварӣ ва хушунат дар оила муроҷиат кардаанд ва аз ин миқдор 4 нафарашон шахсони маъюбиятдошта мебошанд.

 Ба шахсони муроҷиаткарда кӯмаки ҳуқуқии ройгон расонида мешавад. Барои баланд бардоштани дониши занону духтарон курсҳои компютерӣ ва семинарҳои машваратӣ гузаронида мешавад. Давоми даҳ моҳ 60 нафар зан дар курсҳои кӯтоҳмуддати компютерӣ ройгон омӯзонида шуда, соҳиби сертификат гардиданд. Барои бартараф кардани хушунат ва зӯроварӣ дар оила аз ҷониби намояндагони ташкилот дар ҷамоатҳои деҳот доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, аз ҷониби равоншинос бо занону духтарон суҳбат доир ва роҳҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила фаҳмонида мешавад.

Муовини сардори шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Муяссара Мавлонова гуфт: - Теъдоди оилаҳое, ки занону духтаронро зери хушунат ва зӯроварӣ қарор медиҳанд, нисбат ба солҳои қаблӣ кам шудааст. Барои бартараф кардани зӯроварӣ дар оила дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят марказҳои машваратӣ - иттилоотӣ ташкил шудааст, ки ба он равоншинос ва ҳуқуқшиносон ҷалб шудаанд.

Ҳамчунин, назди шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оила ташкилоти шӯрои муросо таъсис дода, ба он фаъолзанон ҷалб гардиданд. Асосан самти кори ин ду ташкилот ба бартараф сохтани ҷанҷолҳои оилавӣ, хушунат ва зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон, роҳҳои ҳалли мушкилоти онҳо равона шудааст. Боиси қайд аст, ки имрӯз аксар ташкилоте, ки самти корашон нисбат ба занону духтарон ва оила равона шудааст, баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва бо касбу ҳунар фаро гирифтани занону духтарон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд ва умед дорем, ки баробари баланд гардидани маърифати ҳуқуқии ҳар нафар хушунат ва зӯроварӣ дар оила кам хоҳад шуд.

 Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh