Мулоқоти доираҳои тиҷоративу соҳибкории вилоятҳои Суғду Могилёв

27 ноябр ҳайати вилояти Суғд дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Белорус дар шуъбаи могилёвии Палатаи савдо ва саноати Белорус бо доираиҳои тиҷоративу соҳибкории ин кишвар мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот, ки бо ҳузури роҳбарияти вилоятҳои Суғду Могилёв ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод сурат гирифт, дурнамои ҳамкориҳо ва роҳҳои беҳтарсозии робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ҷонибҳо баррасӣ гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба тоҷирону соҳибкорон ва роҳбарони корхонаҳои саноатии Белорус оид ба фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои вилояти Суғд маълумот дода, аз онҳо даъват кард, ки дар вақти муносиб ба вилояти Суғд ташриф оваранд.

Сипас, намояндагони ширкату корхонаҳои «Зиннат», «Ҷавонӣ», «Сатн», Нику-Хуҷанд», «Органик ян», «Афзали Суғд», «Рахшона», «Ноҳид», «Садбарг»-и вилояти Суғд ва «БКК «Домочай», «Могилевская фабрика мороженого», «Мясомолпром», "Могилевская молочная компания «Бабушкина крынка», «Быховский консервно-овощесушильный комбинат», «Диана»-и вилояти Могилёв, инчунин як қатор соҳибкорони инфиродии вилоятҳо перомуни ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни ҳам мубодилаи афкор намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh