ХУҶАНД: ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТ АЗ АШЁИ ДОХИЛӢ

Саноати сабук соҳаи ҳаётан муҳим маҳсуб меёбад, зеро дар ҳама давру замон давлатро маҳз саноати сабук аз буҳрони иқтисодӣ бароварда метавонад. Хуҷанд бо маънои томаш шаҳри калони саноатист ва хоса бо корхонаҳои азими ресандагию бофандагӣ, рангуборкунию дӯзандагиаш шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст.

Маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳр дар миқёси олам муаррифӣ гашта, дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир дониста шудааст. Таъсис ва фаъолият бурдани корхонаҳои муштараки саноатӣ низ баҳри пешрафти соҳаи саноати сабук дар мамлакат қадами устуворе аст. Бояд тазаккур дод, ки аксари корхонаҳои саноати сабуки қаламрави шаҳр ба ашёи хоми беруна кам ниёз доранд ва бештар барои истеҳсоли маҳсулот аз пахтаю пилла ва чарми дохилӣ истифода мебаранд. Тибқи иттилои мудири бахши энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Мӯъминҷон Тошматов, теъдоди корхонаҳои истеҳсолии хурду миёна ба 163 адад расида, он нисбат ба ҳамин даври соли сипаригашта 1 адад кам мебошад.

Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии шаҳр давоми марҳалаи ҳисоботӣ ба миқдори 948,6 миллион сомонӣ (бо назардошти тақсимоти қувваи барқ, истеҳсол ва тақсимоти об) маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 108,1 миллион сомонӣ ё 12,9 дарсад афзудааст. Бояд гуфт, ки имрӯз дар шаҳр 94 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад, ки аз онҳо 45 намуд маҳсулот нисбат ба ҳамин даври соли гузашта зиёда аз 100 фоиз таъмин шудааст.

 Бино ба гуфти номбурда, дар ин давр 10 корхонаи истеҳсолии нав таъсис ёфта, аз ин ҳисоб 98 нафар шаҳрванд бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд. Инҳо ҶДММ “Ориён Суғд”, ҶДММ “Зиёрати Хуҷанд”, ҶДММ “Раззоқов Рустам”, ҶДММ “Белтатекс”, ҶДММ “Хуршед 777”, ҶДММ “Обод 95”, ҶДММ “Маҳкамов”, СИ “Хоҷаев Б”, ҶДММ “Зирвеко” ва ҶДММ “Хорои Хуҷанд” ба ҳисоб рафта, онҳо то имрӯз пурмаҳсул фаъолият доранд. Боиси зикр аст, ки дар ин марҳала, инчунин аз сабаби рақобатпазир набудани маҳсулоташон ва ба фурӯш нарафтани онҳо 14 корхона, аз ҷумла ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Некон», «ММ - Люкс», «Ван - Да», «Хуҷанд Сибир», «Муосир», «Хуҷанд Агро», «Кулолгарӣ», «Шарифи Хуҷандӣ» фаъолият накарданд.

- Барои рушди бемайлони соҳаи саноат иҷрои барномаҳои давлатии дар ин самт қабулгардида аҳамияти хоса дошта, иҷроиши нишондиҳандаҳои ин соҳа таҳти назорати доимӣ қарор дорад. «Барномаи коркарди нахи пахтаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда дар давраи то соли 2017» ба ин мисол шуда, мувофиқи талаботи он дар даври ҳисоботӣ 4 корхонаи саноатии шаҳр бо коркарди нахи пахта фаъолият намуда истодаанд, - зикр дошт М.Тошматов.

Ҷиҳати таъмин намудани корхонаҳои коркарди нахи пахта номбурда афзуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ 1150 тонна коркарди пахта дар як сол мебошад. ҶДММ “Ҷавонӣ” ба ҳолати 1 – уми октябри соли равон ба миқдори 575,5 тонна пахта коркард карда, 112 тонна захираи пахта дорад ва то давраи ҳосили нав боз 400 тонна дар корхонаи пахтатозакунии ба номи “Юсуф Саркор” - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пахта захира карда, аз моҳи сентябр то декабри соли равон аз ҳосили нав бо ин корхонаи “Юсуф Саркор” - и ноҳия шартнома баста шудааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ 900 тонна коркарди пахта дар як сол мебошад. Ҳамчунин, ҶДММ “САТН” ба ҳолати 1 – уми октябри соли ҷорӣ ба миқдори 479,7 тонна пахта коркард намуда, 194 тонна захираи пахта дорад ва барои харидории 150 тонна пахта шартнома бастааст. Ҳамзамон, бо ҳамкории бонки «Эсхата» то ҳосили нав харидорӣ намудани пахта бо хоҷагиҳои пахтакори вилояти Суғд шартнома бастааст.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳ 3000 тонна риштаи пахтагӣ дар як сол мебошад. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки ҳоло дар шаҳр 16 коргоҳи истеҳсолӣ бо назардошти сехҳои истҳсолии сарулибоси мактабӣ фаъолият доранд. Тибқи иттилои мудири бахши энергетика ва саноати шаҳр, санаи 26 - уми феврал шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд бо ҶСШК “Зинат” барои дар ҳаҷми 16280 адад дӯхти либоси мактабӣ шартномаи дутарафа бастааст, ки ҳамаи либоси мактабии ба нақша гирифташуда аз матои истеҳсоли ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” ба роҳ монда мешавад.

 Бояд қайд намуд, ки ин марҳалаи аввалини таъминоти ҶСШК “Зинат” бо фармоиш буда, дар марҳалаи дигар бастани чунин шартномаҳо бо муассисаҳои иҷтимоӣ ва низомӣ ба назар гирифта шудааст. Мушкилоти асосии корхонаҳои истеҳсолӣ ин набудани супоришҳо ба истеҳсол кардани маҳсулот мебошад.

Дар ҳолати таъмин намудани супориш корхонаҳо омода ҳастанд, ки нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии худро беҳтар намоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh