Боздиди Раиси вилоят аз ҶДММ “Мурғи аълосифат” ва ҶДММ “Маҳмуд ва Компания”

7 ноябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Гулистон бо раванди корҳои сохтмонӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи аълосифат” аз наздик шинос шуд.

Бояд таъкид кард, ки сохтмони корхонаи парандапарварии ҶДММ “Мурғи аълосифат” моҳи апрели соли 2019 оғоз ёфта буд ва айни замон корҳо тибқи нақша идома дорад.

ҶДММ “Мурғи аълосифат” аз ҷониби соҳибкор Парвиз Бобоев сохта шуда, маблағи лоиҳавии он 10 миллион сомониро дар бар мегирад. Корхона дорои чор бино буда, барои фаъолияту истироҳати кормандон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Бино ба иттилои муассиси корхона бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти истеҳсолӣ аз 35 то 40 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Раиси вилоят аснои боздид дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонида шавад. Ба роҳбари вилоят маълумот дода шуд, ки дар баробари бунёди биноҳои мурғпарварӣ, инчунин биноҳои ёрирасон,  сехи қассобӣ, сех барои хӯрокаи мурғ, бинои парвраиши чуҷаҳо ва ошхонаи барои кормандон пешбинӣ гардидааст.

Сипас, Раиси вилоят дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон бо раванди истеҳсолот дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмуд ва Компания” шинос шуд. Хотиррасон мешавем, ки ин корхона моҳи марти соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмуд ва Компания” дар муддати кутоҳ бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он то 50 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол мебошад. Дар  корхонаи мазкур тавассути технологияи нави чинӣ арматураи тамға (марка)-и 335, 400, 500 ва 600, ки қутрашон аз 8 то 32 миллиметрро ташкил медиҳад, истеҳсол мегардад.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ин корхона бори дигар аз зарурати бунёди чунин корхонаҳо ёдовар шуд ва дастур дод, ки барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Тибқи иттилои масъулини соҳаи саноати шаҳри Гулистон корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми нуҳ моҳи соли равон ба маблағи 2 миллиарду 408 миллиону 779 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 19,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон бо 22 кишвари ҷаҳон ҳамкории тиҷоратӣ намуда, маблағи маҳсулоти содиротии корхонаҳои саноатӣ 128 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Раҷаббой Аҳмадзода дар поёни сафари корӣ ба шаҳри Гулистон ҳамзамон чанде аз собиқадорони меҳнатро аёдат намуда, ба онҳо кумакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh