КОМҲО ШИРИН БИШАВАД АЗ ШАҲДУ НАБОТ...

Бо мақсади тиҷоратикунонии ҳунарҳои миллии тоҷикона - қаннодиву ҳалвопазӣ бо эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи сесолаи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои қаннодӣ ва ҳалвопазӣ» эълон гардида буд. Санаи 30 - юми октябри соли равон дар майдони назди Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ҷамъбасти вилоятии озмун доир гардид.

Мардуми ҳунарманди Суғдзамин ва ширкатҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодии шаҳру навоҳӣ дар озмун ширкат варзида, намудҳои гуногуни маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоштанд ва манзури харидорон намуданд.

Агар ҳунармандони ноҳияи Спитамен бо намудҳои гуногуни ҳалвоҳои хуштаъм дар озмун ширкат варзида бошанд, занони соҳибҳунари шаҳри Хуҷанд анвои гуногуни шириниҳои миллӣ: ҳалвои кунҷитдору тутдор, себину зардолугин, мавизину ҳалвои тар, наботу парварда, нишоллову себқанд ва хурӯсқандро пешкаши ҳайати ҳакамон ва манзури харидорон карданд. Маҳорати баланди кадбонугии беш аз 10 ширкати истеҳсолию ширии шаҳри Хуҷанд дар он ҳувайдо буд, ки маҳсулоташон харидорони бештар дошт.

Муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар аз намоиши фурӯши маҳсулоти қаннодию ҳалвопазии ба озмун пешниҳодшуда дидан намуда, ба маҳорати кадбонуҳои моҳир ва кормандони ширкатҳои қаннодӣ баҳои баланд дод. Қайд гардид, ки баргузории чунин намоиш - фурӯши маҳсулот дар ҳудуди вилоят ба ҳукми анъана даромада, амали нек, шоиста ва саривақтиест дар «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ».

- Лозим ба ёдоварист, ки Ҳукумати мамлакат барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монда, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 - уми январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд, ки боиси хушнудии ҳунармандони вилоят гардида, онҳо корҳои назаррасеро ҷиҳати эҳё ва муаррифии бештари ҳунарҳои мардумӣ анҷом додаанд. Баргузории озмун - намоиш далели гуфтаҳои болоӣ маҳсуб меёбанд.

Боиси тазаккур аст, ки ҳиссаи ширкатҳои истеҳсолии қаннодии шаҳри Хуҷанд дар маҷмӯи маҳсулоти анвои шириниҳои вилояти Суғд назаррас буда, аз 5097 тонна маҳсулоти истеҳсолшудаи соли 2019 - ум 2778 тоннаашро ширкатҳои ширинипазии шаҳри Хуҷанд истеҳсол намудаанд. Ба ин васила онҳо тавонистанд, ҳунари тоҷиконаро ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳиссагузор ва маҳсули дастони мардону занони тоҷикро ба мардум пешкаш карда бошанд, - иброз дошт Хол Ҳайдар.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз аз соли 2006 инҷониб дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ҳар сол барои рушди соҳибкории хурду миёна, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ Гранти Президентӣ ва Гранти Раиси вилоят таъсис ёфтааст, ки ҳамасола мардуми ҳунарманду эҷодкори вилоят соҳиби он мегарданд ва баробари беҳтар намудани шароити иқтисодии оила ҷойҳои нави корӣ таъсис ва хоҳишмандонро ба касбу ҳунаромӯзӣ ҳидоят менамоянд.

Муовини якуми Раиси вилоят даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои қаннодӣ ва ҳалвопазӣ» - ро ҷамъбаст ва ба ғолибон дипломи ифтихориро супурда, изҳори бовар намуд, ки ғолибон дар озмуни ҷумҳуриявӣ Суғдзаминро бештар муаррифӣ ва анъанаҳои аҷдодии халқи тоҷикро эҳё хоҳанд кард.

Маълум гардид, ки дар бахши «Беҳтарин қаннод» ҷои аввал насиби ҶДММ «Як лаҳза» - и шаҳри Хуҷанд гардида, ҷои дуюмро қаннод аз шаҳри Бӯстон Саломат Аламзода ва ҷои сеюмро қаннод аз шаҳри Гулистон Гулчеҳра Машарифова соҳиб шуданд. Дар бахши «Беҳтарин ҳалвопаз» мақоми ифтихорӣ насиби ширкати «Шириниҳои Тоҷикистон» - и шаҳри Хуҷанд гардид. ҷои дуюм ба ҳалвопази шаҳри Истаравшан Дилшод Сангинов ва ҷои сеюм ба ҳалвопази шаҳри Исфара Садрия Зокирова дода шуд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh