Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Бӯстон

Санаи 1 - уми ноябри соли 2019 Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо фаъолони шаҳр мулоқот намуд, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони як қатор воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони шаҳр иштирок намуданд.

- Мардуми вилоят, аз ҷумла сокинони меҳнатдӯсти шаҳри Бӯстон дар доираи татбиқи сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун кулли сокинони Ватани азизамон - Тоҷикистони маҳбуб, бо рӯҳу илҳоми тоза аз ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ, ки дар суханрониҳояшон ба муносибати ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона меҳнат мекунанд, - иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилоят дар мулоқот вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Бӯстонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз баргузории қабули шаҳрвандон натиҷагирӣ намуд.

Мавриди таъкид аст, ки дар шаҳри Бӯстон бинобар саҳланкории кормандони андоз нақшаи буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли 2019 95,3 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 62 миллиону 269,0 ҳазор сомонии нақша, 59 миллиону 372,1 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки ин нисбат ба нақша 2 миллиону 896,9 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Ҳамзамон, иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 96,2 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 26 миллиону 312,9 ҳазор сомонии нақша, 25 миллиону 315,5 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 997,3 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Боиси таассуф аст, ки аз ҳисоби иҷро нагардидани 2 намуди андоз (андоз аз фоида аз шахсони ҳуқуқӣ ва андоз аз истифодаи роҳҳои автомобилӣ) ба буҷет 10 миллиону 686,6 ҳазор сомонӣ кам маблағ ворид гардидааст.

Раиси вилоят аз иҷро нагардидани нақшаи андоз изҳори нигаронӣ намуда, ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба вазъ ба масъулин ва роҳбарияти шаҳр дастур дод.

- Шаҳри Бӯстон бо ғамхорию дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол ободу зебо мегардад. Давоми солҳои охир Сарвари давлатамон якчанд маротиба ба шаҳр ташриф оварда, иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолии саноатиро ифтитоҳ бахшиданд, - таъкид дошт Раиси вилоят.

Шаҳр мавқеи хуби ҷуғрофӣ дошта, дорои имкониятҳои хуби иқтисодӣ мебошад. Аз ин рӯ, ба таъкиди Раиси вилоят бояд масъулини шаҳр ба бунёди корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ, аз ҷумла саноати мошинсозӣ, металлгудозӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд. Дар ҷаласа зикр гардид, ки вазъи соҳаи саноат дар шаҳр беҳбудиро тақозо дорад. Баъзе нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтаанд. Чунончӣ, новобаста аз тадбирҳои амалишаванда, саҳми саноатчиёни шаҳри Бӯстон нисбати ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти вилоят ҳамагӣ дар сатҳи 3,2 фоиз қарор дораду халос, 3 корхонаи саноатӣ ба сатҳи соли гузашта баромада натавонист. Дар корхонаҳои шаҳр бо сабабҳои номаълум истеҳсоли либоси мактабӣ давоми 9 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст. Яъне, тибқи маълумоти оморӣ дар шаҳр 1 ҳазору 722 дона либоси мактабӣ истеҳсол шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3543 дона кам ва ҳамагӣ баробари 32,7 фоиз мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маориф ва тандурустиро таҳлили амиқ намуда, бобати бартараф намудани камбудиҳо ба масъулин дастуру супоришҳои судманд дод.

Дар шаҳр 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолияти пурсамар дошта бошад ҳам, вале дар 6 тои он системаи ягонаи гармидиҳӣ амал намекунад. Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳраки Палос ба таъмиру тармим ниёз дошта, беморхонаи марказии шаҳрӣ ба таҷҳизоти зарурии тиббӣ ниёзманд аст. Дар шаҳр 133 нафар ба бемории ВНМО гирифтор шудаанд, ки боиси ташвиш мебошад. Ҳамчунин, бемориҳои шадиди рӯда ва зардпарвин дар шаҳр нисбати соли пешин зиёд ба қайд гирифта шудааст. Шумораи бекор шудани ақди никоҳ низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзудааст.

Ҳарчанд дар шаҳр 46 майдончаи варзишӣ фаъолият дорад, вале дар 12 – тои он шароитҳои мутобиқ ба талаботи муосир муҳайё нагардидааст.

Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласаи фаъолон бобати бунёд намудани Маркази ҷавонон, таъмиру тармими ҳавзи шиноварӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ободу зеботар намудани шаҳр ба масъулин супориш дод.

- Шаҳри Бӯстон бояд ба бӯстони ҳақиқӣ мубаддал гардад ва макони дӯстдоштаи мардум ва меҳмонону сайёҳон бошад, - зикр дошт Раиси вилоят. - Дар ин самт дар партави ташаббуси Пешвои муаззами миллат оид ба эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” корбарӣ бояд ҷоннок карда шавад.

Тибқи нақша бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бунёди 167 иншоот, аз ҷумла корхонаву коргоҳи нави саноатӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ дар назар аст.

Боварӣ ҳаст, ки мардуми шаҳри Бӯстон ҷашнҳои бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5500 - солагии Саразми бостониро бо дастовардҳои шоиста истиқбол менамоянд ва дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва роҳбарияти вилоят саъйу талош меварзанд ва саҳми шоиста мегузоранд.

Ҳамзамон, дар доираи сафари корӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон санги асос гузошта, аз ҷараёни корҳои сохтмонии меҳмонхонаи муосири ҶСП “Сомон Суғд” боздид намуд ва собиқадорони меҳнатро аёдат кард.

 Мухтори Абдулло,
“Ҳақиқати Суғд”

 

 

Add comment


Security code
Refresh