ОВЧИҚАЛЪАЧА: РАВАНДИ ОБОДКОРИҲО

Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача аз мавзеъҳои сарсабзу хушобуҳавои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳсуб ёфта, он дар ҳамворӣ дар масоҳати 4057 гектар доман паҳн кардааст. Қаламрави ҷамоат бо ноҳияи Қулундии Ҷумҳурии Қирғизистон, деҳаи Ӯзбекқишлоқи ноҳияи Ҷаббор Расулов, Ҷамоати деҳоти Исфисор, деҳаҳои Хистеварзу Унҷӣ ҳамҳудуд аст.

Боғоти сарсабз ва дарахтони азими мевадору сояафкани дар қадди роҳу кӯчаҳо шинонидашуда дар ин мавсими гармои тобистон низ ин мавзеъро салқин нигоҳ доштааст, ки аз ин боис ва бо сабаби мавҷуд будани ҷойҳои таърихӣ ба ҷойи истироҳату фароғати мардум табдил ёфтааст. Дар деҳаҳои ҳудуди ҷамоат - Овчӣ, Қалъача, Шайхон, Боғпарвар, Деҳнав, Пахтаобод, Себзор, Наврӯз дар ёздаҳ маҳалла наздик 25 ҳазор нафар сокинон бо меҳнати созанда ва бунёдкорӣ машғуланд. Дар қаламрави ҷамоат ҳафт муассисаи таълимӣ, ду кӯдакистон, беморхонаи ноҳиявӣ, се маркази саломатӣ ва се Хонаи саломатӣ, ду корхонаи саноатӣ, 12 нуқтаи хӯроки умумӣ, 58 нуқтаи савдову хизматрасонӣ мавҷуд аст. Бахши вилоятии Институти илмӣ - истеҳсолии ҷумҳуриявии «Боғпарвар», ки олимони он дар миқёси мамлакат бо ихтирои навъҳои баландсифати зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, меваву сабзавот, зироатҳои техникӣ ва дигар маҳсулот шуҳрат доранд, дар ҳудуди ин ҷамоат ҷойгир аст. Ҳамчунин, дар хоҷагии «Ниҳолпарвар» ҳар сол ҳазорон бех ниҳоли дарахтони мевадиҳандаву сояафканро парвариш намуда, ба кишоварзону сокинони диёр ба фурӯш бароварда мешавад.

Имрӯзҳо мардуми меҳнатқарини ҷамоат бо заҳмати бунёдкоронаву созанда ба истиқболи ҷашни азизу табарруки мамлакат - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд.

Тавре раиси ҷамоат Ғайрат Гадойбоев изҳор дошт, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми боору меҳнатқарини ҷамоат корҳои созандагиву бунёдкоронаро баҳри истиқболи сазовори ҷашни фархундаи кишварамон - 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба таври густурда ба роҳ мондаанд. Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои вилоят ва ноҳия дар ҷамоат ба истиқболи ин ҷашни таърихӣ тибқи қарори раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёди беш аз 106 иншоот тарҳрезӣ шудааст. Дар соли 2019 бунёди 22 иншоот назардошт шуда, давоми шаш моҳ ҳафт иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва аҳолӣ бо маблағи 450 ҳазор сомонӣ кӯчаи ба номи Юнус Зуҳур дар масофаи 2 километр асфалтпӯш шуд. Аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Қодиров бо сарфи 80 ҳазор сомонӣ баҳри беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба мардум мағозаи молҳои талаботи ҳаррӯза ба фаъолият оғоз намуд, бо мақсади ба варзиш ҷалб намудани наврасону ҷавонон соҳибкор Исломҷон Иброҳимов ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ дар назди таълимгоҳи рақами 71 варзишгоҳи замонавии хурди футбол бо тамоми шароит сохта ба истифода дод. Дар деҳаҳои Қалъача, Шайхон, Наврӯз аз ҳисоби сокинони деҳаҳо бо маблағи 35 ҳазор сомонӣ ба тариқи ҳашар 5,6 километр роҳ шағалпӯш гардид. Ҳамчунин, бо маблағгузорӣ ва кӯшиши сокинон дар деҳаи Овчӣ ба маблағи 21 ҳазор сомонӣ ба 30 хонадон хатти барқ кашида шуд. Бо дастгирии Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии коммуналӣ ва саҳмгузории аҳолӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ хатти оби нӯшокӣ кашида шуда, сад оила бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гашт. Ҷоиз ба зикр аст, ки соҳибкор Раҳимҷон Моликов пасандози бо мақсади зиёрати Хонаи Худо ҷамъкардаи худро баҳри ободонии диёри хеш масраф намуда, ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ кӯчаҳои Ҳалим Бобо ва Юнус Зуҳури деҳаи Қалъачаро ба масофаи 2,8 километр чароғон намуд.

Ба қарибӣ соҳибкори маҳаллӣ Ӯктамҷон Шарифов бо маблағи 500 ҳазор сомонӣ дар назди таълимгоҳи рақами 37 - и деҳаи Шайхон варзишгоҳи замонавӣ бунёд карда, ба истифодаи хонандагон супурд. Бояд зикр кард, ки дар мактаби мазкур беш аз 700 нафар таҳсил карда, то ин вақт муҳассилин барои бо варзиш машғул шудан ба маркази ноҳия мерафтанд, ки сарфи зиёди вақт ва, албатта, маблағро тақозо мекард. Бо мавриди истифода қарор гирифтани варзишгоҳ акнун хонандагон имкон пайдо намуданд, бо бозиҳои варзишӣ машғул бошанд.

Ба наздикӣ, дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар маҳаллаи «Боғпарвар» назди мактаби рақами 41 низ варзишгоҳ ба истифода дода ва бештар аз 500 нафар хонандагони таълимгоҳ соҳиби майдони варзишии худ хоҳанд гашт.

- Дар Паёми навбатии худ Президенти мамлакат солҳои 2019 - 2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуда, таъкид карданд, ки дар ҳар деҳа бояд кошонаи ҳусн, сартарошхона, ҳаммомхонаи замонавӣ, сехҳои дӯзандагӣ фаъолият барад ва торафт сатҳи зиндагии сокинони деҳот баланд бардошта шавад. Баҳри амалигардонии ин дастуру супориши Сарвари давлат тадбирҳои амалӣ андешида шуда, то имрӯз дар деҳаҳои Қалъача, Шайхон, Овчӣ кошонаи ҳусн, сартарошхона, ҳаммом бунёд ва ба истифода дода шуд. Ин амал идома дорад, - гуфт раиси ҷамоат.

Фаъолияти соҳибкорони маҳаллӣ дар ободонии маҳал, бунёдкориву созандагӣ шоиста буда, дар ин радиф раиси ҷамоат номи соҳибкорони саховатманд Умарҷон Умаров, Ӯктамҷон Шарифов, Амирҷон Ӯлмасов, Дилшод Қодиров, Исломҷон Иброҳимов, Лутфуллохӯҷа Акрамов, Раҳимҷон Моликов ва дигаронро дар пешрафту шукуфоӣ ва ҳалли масоили иҷтимоии аҳолӣ бориз арзёбӣ кард. Воқеан, зикри он далел ҷоиз аст, ки феълан бо қувваи соҳибкор Лутфуллохӯҷа Акрамов дар деҳаи Қалъача бунёди фермаи чорвопарварӣ бо маблағи 400 ҳазор сомонӣ ва таъсиси дувоздаҳ ҷои корӣ идома дорад.

Тавре раиси ҷамоат таъкид намуд, барои беҳтаргардонии шароити зисту зиндагии мардуми деҳот бо иқдомҳои некукоронаи худи сокинон низ иншоот бунёд ёфта истодаанд, ки аксари онҳо инфрасохторӣ мебошанд ва ин иншоот дар нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ворид нестанд. Чунончӣ дар маҳаллаи Овчӣ истиқоматкунандагони панҷоҳ хонавода маблағ ҷамъ карда, 300 метр ҷӯйбори кӯчаро бетонпӯш намуданд.

- Дар мавзеи иқлимаш мувофиқу мусоид ҷойгир будани ҷамоати деҳоти Овчиқалъача, ба қавле, сарчашмаи иқболу саодати сокинонаш мебошад, - мегӯяд Ғайрат Гадойбоев, - дар ҷойҳои мо нағз нашъунамо кардани мармиҷон (малина) ва тути заминӣ (клубника) ба мардум имкон медиҳад, ки аз паси парвариши ин меваҳо рӯзгорашонро хеле обод кунанд.

Дар бобати муроҷиати шаҳрвандон ҳарф зада, раиси ҷамоат қайд кард, ки мардум асосан бо масоили ҳуҷҷатгузории замин, гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, баҳсҳои оилавӣ, сохтмони манзили истиқоматӣ, таъмири роҳҳои байни маҳаллаҳо, таъминоти оби ошомиданӣ, соҳибкорони маҳаллӣ бо нияти бунёди иншоот ва бо ин мақсад ҷудо кардани замин ва дигар корҳои ободонӣ муроҷиат менамоянд. Тавре аён гашт, давоми шаш моҳи соли равон 55 нафар муроҷиат намуда, аксари масъалаҳои онҳо мусбат ҳал шудааст.

Дар доираи корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии маҳал соли равон дар қадди роҳи асосии ҷамоат беш аз 100 бех ниҳоли дарахти сӯзанбарг, ҳамчунин дар деҳаву маҳаллаҳо зиёда аз 1500 бех гули садбарг, 2000 адад қаламчаи сафедор ва намудҳои гуногуни гулҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Дар маҷмуъ, ҳарчанд дар қаламрави ҷамоат корҳои ободониву созандагӣ баҳри истиқболи шоистаи ҷашни таърихии мамлакат бомаром ҷараён доранд, баъзе масоиле ҳастанд, ки ҳалли худро тақозо мекунанд. Аз ҷумла, то ҳанӯз дар ҷамоат ба аҳолӣ дастрас набудани оби тозаи ошомиданӣ муаммо боқӣ мемонад. Сокинон оби ҷӯйборро барои нӯшидан низ истифода мебаранд. Гарчи ин масъала дар назар одӣ намояд ҳам, ҳаллу фасли худро металабад, зеро оби тозаи ошомиданӣ сарчашмаи нахустини солимии инсон аст.

Масъалаи дигаре ташвишовар аст, ки бо вуҷуди он, ки солҳои 2019-2021 аз ҷониби Сарвари давлат «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»эълон гардидааст, эътибор ба таъсиси сехҳои атласу адрасбофӣ, дигар ҳунарҳои мардумӣ заиф буда, дар ягона сехи адрасбофӣ бо сабаби тангии ҷо ва сифати номувофиқи ресмон истеҳсоли он ба роҳ монда нашудааст ва кор дар ин самт хеле дар сатҳи паст қарор дорад. Дари бастаи бинои дигареро, ки онро «сехи дӯзандагӣ» муаррифӣ намуданд ва хорҳои дар саҳни он рӯида шаҳодат медиҳанд, ки ин ҷо қадами бонувони ҳунарвар нарасидааст.

Иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, татбиқи нуктаҳои нақшаи тарҳрезишудаи омодагиҳо ба ҷашни фархундаи мамлакат - 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз масъулон тақозо менамояд, ки ба ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ суръати нав бахшида шавад, то ки ба ҷашни азизи Ватан армуғонҳои арзанда омода намоем.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
Гулҷаҳон МАХКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh