Ду китоби нав

«Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ»

Китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ»  маҷмӯаи ҳайати устодон,  олимони ҷавон, аспирантон ва магистрантони  кафедраи журналистика ва назарияи  тарҷумаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  тариқи  нашриёти «Ношир» дастраси хонандагон гардид.

Ин ду маҷмӯа мақолаҳои устодон ва олимони ҷавони соҳаро дар мавриди саҳми журналистика дар рушду нумӯи ҷомеа гирд оварда, фарогири масъалаҳои мубрами журналистикаи муосир мебошад. Мутахассисон муаммо ва мушкилоти журналистикаи кишварро дар паҷӯҳишоти хеш баррасӣ намудаанд. Дар мақолаҳо вазъи матботи маҳаллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ бозгӯ шудаанд.

 Ташаккули меъёрҳои этикаи касбӣ, Истиқлолият ва журналистикаи сиёсӣ, махсусиятҳои журналистика дар ҷомеаи иттилоотӣ, ҷойгоҳи ҷанрҳои журналистӣ, инъикоси муаммоҳои ҷаҳонӣ низ аз ҷумлаи мавзӯъоти ҳаллу фаслшудаи ин китобҳои тозанашр мебошанд.

Маводи маҷмӯаҳо барои мутахассисони соҳаи журналистика, муҳаққиқон ва рӯзноманигорони ҷавони кишвар дастурамали хуби корӣ буда метавонад.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh