ШИМКЕНТИЁН ДАР СУFДЗАМИН

Бо эълон шудани солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари офтобрӯяи тоҷикон ба макони сайру тамошо ва истироҳату фароғати сайёҳону меҳмонони мамлакатҳои ҷаҳон табдил ёфтааст.

Дар ин замина муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои рушд боз ҳам густариш ёфта, дӯстию бародарии онҳо бештар мегардад. Ташрифи меҳмонони шимкентӣ бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Касим - Ҷомарт Токаев ба вилояти Суғд, хоса шаҳри Хуҷанд боиси шодмонию хушнудии мардум гардид. Густариши муносибатҳои ду давлати ба ҳам дӯсту бародар аз ҷониби раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таъкид шуда, қайд гардид, ки он дар сатҳи олӣ қарор дорад ва самарабахш хоҳад буд.

Меҳмонони шимкентӣ бо роҳбарии директори Ширкати телевизион ва радиошунавонии «Айгак», вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Туркистон, роҳбари Ҷамъияти қазоқони вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон Абиш Дулатбек, барандаи Ҷоизаи давлатии ИҶСШ, ҳамсабақи нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев - Аманалӣ Абдураҳмонов, раиси Шӯрои собиқадорони ноҳияи Толибӣ Атирхан Шингисбоев, собиқадори меҳнат Нураҳмад Шабакатев, фарҳангшинос Бегалӣ Рисбеков, соҳибкор Fанӣ Чаймардонов, сокини шаҳри Шимкент Орал Кайсарва, барандаи Ҷоизаи ҷавонон ба номи «Дарин» Сайтанат Тойболова ва дигар ҳайати эҷодии чандин шабакаҳои телевизионии Ҷумҳурии Қазоқистон меҳмони тоҷикистониён шуда, нахуст аз вилояти Суғди бостон дидан карданд.

Қасри муҳташами «Арбоб» - и ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Fафуров нахустин тамошогаҳи меҳмонони шимкентӣ гашта, онҳо аз тамошои ин қасри таърихӣ, толори баргузории Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи таърихӣ, коргоҳи дӯзандагию сехи атласу адрасбофӣ ва чойхонаи бо нақшу нигори миллӣ орододашуда як ҷаҳон маънӣ бардоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки «Арбоб» ном гирифтани қаср ба шарофати теппае, ки дар он бунёд ёфтааст, гузошта шуда, номи он вирди забони халқи олам гаштааст. Ҳашамату бузургӣ, шуҳрату зебогӣ, ободию озодагӣ ва маҳсули дастони ҳунармандонро дар сақфи биноҳо ва сутунҳои пурнақшунигор дида, меҳмонон ба бунёдгузорони қаср аҳсант хонданд. Чун огоҳ шуданд, ки дар ин макони таърихӣ Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидаву дар он бори нахуст Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳи ояндаи фаъолияташонро интихоб кардаанд, низоми давлатдорӣ ва сохти конститутсионӣ маҳз аз ин қасри муҳташам оғоз ёфтаст, эҳтиромашон ба Сарвари мамлакат ва халқи заҳматпешаи тоҷик афзуд.

Дар арафаи Наврӯзи байниалмилалӣ сохта, ба истифода дода шудани тарабхонаи замонавии киштии рамзии «Темурмалик» ва ба фаъолият шурӯъ кардани Маҷмааи «Роҳи танобӣ», ки соҳилҳои ду ҷониби дарёи Сирро ба ҳам мепайвандад, аз ҷониби меҳмонон хуш пазируфта шуда, ба соҳибкор Абдурасул Раҷабов, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон кору фаъолият пеш мебарад, изҳори сипос намуданд. Қайд шуд, ки ин иқдоми нек боиси густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва равобити ҷумҳуриҳои бародар хоҳад гашт. Роҳбари ҳайати меҳмонон Абиш Дулатбек чунин иброз дошт: - Дар Хуҷанди бостонӣ, ки «Арӯси ҷаҳон» - аш ном мебаранд, маротибаи дувум қарор дорам. Шаҳрро он қадар зебою дилрабо ва тамошобоб дарёфтам, ки қаблан надида будам. Бори дигар шоҳиди меҳмоннавозии мардуми тоҷик гашта, мафтуни тозакориҳо ва сохтмони биноҳои наву замонавӣ, ҳамчунин гулпӯшу гулбасар гардонидани ҳар гӯшаи он шудем.

Моро бахусус осори таърихии Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии вилояти Суғд, меваҳои шаҳдбори бозори марказии «Панҷшанбе», осори таърихӣ дар Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ, маҷмааҳои «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» ва «Истиқлол», «Роҳи танобӣ» ва киштии рамзии «Темурмалик» ба ваҷд овард. Боиси хурсандист, ки бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд Шимкент номгузорӣ гардидааст. Умед дорем, ки рафтуомади минбаъдаи шимкентиёну хуҷандиён ба манфиати тарафайн хоҳад буд, - қайд намуд Абиш Дулатбек. Боздиди меҳмонони шимкентӣ аз мавзеи таърихии «Қалъаи Муғ» - и шаҳри Истаравшан ва ҷойҳои тамошобоби ноҳияи Айнӣ дар вилояти Суғд анҷом пазируфта, онҳо ба шаҳри Душанбе раҳсипор гардиданд.

Шоира САЛИМОВА,
Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh