Завқ пешрафти ҳунари волост!

Таърихнигорон шаҳодат медиҳанд, ки тақрибан ду ҳазор сол қабл дар ҳудуди Осиёи Марказӣ гилемҳо бофта мешудаанд. Онҳо дар аввал якранг ва бепат буданд ва маъмулан барои гарм нигоҳ доштани хонаҳо истифода мешуданд. Баъдан одамон гилемро бо нақшу нигор ва рангҳо ороста, барои ороиши хона низ ба кор мебурданд.

Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ ва симу зар иваз кардан ғайриимкон аст. Он зиндагии ҳар як ҳунарманди соҳибзавқро зебоиву тароват мебахшад. Имрӯз занони меҳнатдӯсту соҳибхиради деҳаҳои дурдасти вилояти Суғд дар баробари таълиму тарбияи фарзандон инчунин, барои омода намудан ва дӯхтани ҳамагуна либосҳои қадимаи миллати тоҷик машғул мешаванд. Яке аз чунин бонуи ҳунарманд, ки зодаи деҳаи Сангистони ноҳияи Айнист, Ҳикоят Тилабова ба ҳисоб меравад. Мавсуф бештари вақти худро барои ривоҷи сӯзанидӯзӣ, гилембофии дастӣ ва дӯхтани либосҳои миллӣ сарф мекунад.

Ҳунари дастии ин бонуи тоҷик дар зодгоҳаш паҳн гардида, барои ҳамагон мақбул гардидааст. Зикр бояд намуд, ки маҳсули ҳунарашро мизоҷонаш қадр карда, бо ӯ ҳамкорӣ менамоянд. Гилемҳои дастибоф аз матои пашми табиӣ омода шуда, барои саломатӣ фоидаовар аст. Зеро, гилемҳои омодагардида, аз пашми гӯсфандони маҳаллӣ ва нахҳо тайёр мешавад.

Аксар гилембофони ноҳияи Айнӣ аз ресмони пахтагин, ки аз пашми бузу гӯсфандон омода мешавад истифода мебаранд, зеро он аз ҷиҳати сифат хуб буда, барои истифода қулай аст. Аслан, бофтани гилеми дастӣ аз тор, пуд ва дастгоҳи заминӣ, ки дар он риштаҳои гилемро бастаанд, иборат мебошад. Қисми дигар ин тор буда, то 50 метр дарозӣ дорад ва дар ҷойи мувофиқ дар ду мехи калон дар масофаи муайян ба ҳам пайваст мешавад.

Баъдан пуди омоданамударо аз байни тор барои гилемро ба ҳам пайваст намудан гузаронда мешавад, - мегӯяд ҳунарманди чирадаст Ҳикоят Тилабова.

Дар ҳақиқат, дастони эҷодкори ин нафарро ҳангоми боздиди маҳсули эъҷодаш мушоҳида намудан мумкин аст. Зеро завқи баланд ва маҳорати ҳунармандиашро ҳар як нафар метавонад дар баробари дидан баҳо диҳад.

Гуфтан мумкин аст, ки ҳар ҳунармандро аз маҳсули ҳунарҳояш баҳо медиҳанд, ки чунин ҳолатро мо дар қаҳрамони матолиби хеш дарёфтем.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh