Дави наврӯзӣ

Бо мақсади иҷрои дастру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни «Наврӯзи байналмилалӣ» дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ дар ноҳияи Деваштич баргузор гардид.     

Мусобиқаҳои мазкур бо сухани ифтитоҳии иҷрокунандаи  вазифаи раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон оғоз гардида, иштирокчиёнро ба муносибати ин иди байналмилалӣ табрику муборакбод таманно намуд. Беш аз 2000 нафар корманди ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ дар ин дави Наврӯзӣ ширкат варзиданд. Ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадршиносӣ гардиданд.

Лоиқ ТӮЙЧИЕВ,
ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh