Тоҷикистон - макони рушди сайёҳӣ

Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, обу ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯл ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Диёри бостонии мо бо табиати зебову дилрабояш таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳи дохиливу хориҷиро ҷалб кардааст. Воқеан ҳам, Тоҷикистон бо кӯлу дарё, кӯҳу пуштаҳои ҳамешабаҳор, гулу бутта ва гиёҳҳои шифобахшаш дар дунё камназир аст. Ин аст, ки ҳар сол шаҳрвандони зиёди давлатҳои сайёра кишвари моро тамошо карда, бо таассуроти хубу хотироти фаромӯшношуданӣ ба ватанашон бармегарданд. Сол аз сол зиёд шудани шумораи сайёҳони хориҷӣ шаҳодати беҳтар гаштани инфрасохтори соҳаи туризм дар Тоҷикистон, бунёди меҳмонхонаҳои наву замонавӣ, мавзеъҳои рекреатсионӣ, минтақаҳои курортӣ барои сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ҳамчун туҳфаи даврони Истиқлолият маҳсуб меёбад.

Самти асосии таъсири туризм иқтисодиёт ба ҳисоб меравад, зеро туризм ба сифати суръатбахши рушди иқтисодии кишвар ва минтақаҳо баромад намуда, ҳамзамон худ низ соҳаи зудинкишофёбанда ва ояндадор мебошад. Аҳамияти иқтисодии туризм пеш аз ҳама, дар талабот ва тақозои туристӣ зоҳир мегардад.

Мусаллам аст, ки туризм ба барқароршавии робита миёни миллатҳо мусоидат намуда, ба ҳамкории осоишта замина мегузорад ва сабаби истиқрори сулҳ мегардад. Ҳамзамон, барои ғанигардонии фарҳанги шахсӣ ҳангоми ошноӣ бо шаҳри нав, одамон, таъриху анъанаҳои онҳо, дастовардҳо дар ҷодаи санъат, меъморӣ, ҳаёти саҳнавӣ, адабиёт, мусиқӣ, мукаммалгардонии забондонӣ мусоидат намуда, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ, шарикӣ, хайрхоҳии мутақобилаи ширкаткунандагони сафари туристӣ, соҳибихтиёрӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва низом, муносибати дурустро нисбат ба табиат ва аҳолии маҳал рушд мебахшад.

Давоми даврони Истиқлолияти давлатӣ роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои зиёдеро ҷиҳати беҳдошти табиати кишвар тавсеа намудаанд, ки онҳо дар мисоли иқдомҳои шоиста оид ба ҳифзи захираҳои об инъикос гардидаанд. Қабули қонуни санадҳои меъёрии махсус дар соҳаи ҳифзи захираҳои табиӣ бошад, нишонаи сиёсати устувори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи оқилона ва ҳифзи муҳити зист аст. Таърих гувоҳ, ки на ҳамаи шахсиятҳои олимақоми давлатҳои ҷаҳон қодири равона намудани ғайрати худ ва тавоноии давлат баҳри ҳифзи муҳити зист будаанд.

Аз маълумоти оморӣ ва сарчашмаҳои илмӣ бармеояд, ки алҳол дар Тоҷикистон зиёда аз 37 асноди меъёриву ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи захираҳои табиӣ ва истифодаи самараноки он мавриди амал қарор гирифтааст. Мутахассисон ва олимони соҳаи табиатшиносӣ исбот намудаанд, ки танҳо дар даврони Истиқлолияти давлатӣ шумораю масоҳати ҳудудҳои махсус ҳифзшаванда, аз қабили Боғҳои миллӣ, мамнуъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва ғайра афзоиш ёфтааст. Таваҷҷуҳи хоса нисбат ба объектҳои нодири табиӣ, ба монанди кӯли Сарез, мавзеи Сафеддара, дараи Варзоб ва дигар минтақаҳои тамошобоби кишвар мусоидат намуд, ки дар Тоҷикистон шароити зарурӣ барои қабули сайёҳони хориҷӣ омода гардад.

Табиати нотакрори Тоҷикистон барои барқарорнамоии нерӯи равонию ҷисмонии инсон тавассути истироҳати бофароғат дар шароити муҳити табиӣ имконият фароҳам овардааст. Бо мақсади дастгирии давлатии туризми экологӣ дар моддаи 7-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ин намуди туризм ва истифодаи тамоми имкониятҳо барои ҳифзи ноҳияи ташрифотӣ, барқароркунии боигариҳои табиӣ, фарҳангию таърихӣ таъкид рафтааст.

Мавриди зикр аст, ки яке аз муаммоҳои асосии рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон камшумор будани мутахассисони босалоҳияти касбӣ ва норасоии савияю маҳорати роҳбаладон, хуб надонистани забонҳои хориҷӣ, номукаммалии раванди тарғиботӣ ва сабабҳои дигар мебошад. Иқдоми Пешвои муаззами миллат барои ҳамаи табақаҳои ҷомеаи меҳнатқарини кишвар такони бузурге бобати рушди соҳаи сайёҳӣ ва инфрасохторҳои он гардид. Пешвои миллат дар Паёми худ Ҳукумати ҷумҳуриро вазифадор намуданд, ки якҷоя бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳа имкониятҳои мавҷударо васеъ истифода бурда, инфрасохтори сайёҳиро инкишоф диҳанд, сифати хизматрасониро баланд бардоранд, раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳиро густариш бахшанд, ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя ва омода намудани кадрҳои болаёқатро дар ин самт таъмин намоянд.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баҳри таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ менамояд, ки нишонаи дастгирии доимии устодони Донишгоҳ аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии роҳбарияти олии кишвар мебошад. Алҳол, дар факултети геоэкологияи Донишгоҳ зиёда аз 80 нафар донишҷӯ бо ихтисоси “географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат” таҳсил менамоянд. Бо итминони комил метавон изҳор намуд, ки онҳо захираҳои кадрии рушди соҳаи сайёҳӣ хоҳанд шуд.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамоянд, омӯзиши сабабҳои ақибгардии пиряхҳои Тоҷикистон ва таъсири гармшавии иқлим ба шумор меравад, ки ҳамин раванди ташкили корвони саёҳати фарҳангии донишҷӯён ба ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ ва боздид аз ёдгориҳои нодири табиати Тоҷикистон барои ошноии мутахассисони соҳа ба масъалаи мазкур ёрмандӣ намуд.

Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки устодони факултети таърих ва ҳуқуқ ҷиҳати ташкили корвони саёҳати фарҳангии донишҷӯён ба ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.

Дар факултетҳои забонҳои хориҷӣ ва забонҳои шарқи Донишгоҳ ба донишҷӯён забонҳои англисӣ, олмонӣ, арабӣ, хитоӣ, форсӣ ва ӯзбекӣ омӯзонида мешаванд, ки дар оянда ҳамчун тарҷумонҳо ва ҳам роҳбалад метавонанд фаъолият баранд.

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ ҳамчун узви ногусастании мардуми Тоҷикистон тасмим дорад, ки солҳои минбаъда низ ҷиҳати густариш ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди кишвари зебоманзарамон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намояд. Зеро сайёҳӣ заминаи боэътимоди рушди иқтисодиёт ва ободу осудагии аҳолии мамлакати соҳибистиқлоли мо мебошад.

 Ҷамшед ҶӮРАЗОДА,
 ректори Донишгоҳи давлатии
 Хуҷанд ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров, доктори
илмҳои таърих, профессор

Add comment


Security code
Refresh