Нуран алонур мебуд, агар…

«Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани соли 2018 аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои миллат вобаста ба фароҳамсозии имконоти васеи истироҳату фароғат барои сайёҳону меҳмонон маҳсуб меёбад.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамагӣ як меҳмонхона бо номи «Салимбек» фаъолият дошта, беш аз даҳ сол инҷониб дар хизмати сокинону сайёҳон ва меҳмонон қарор дорад. Сарварии меҳмонхонаро соҳибкор Отуной Бӯтаева ба уҳда дошта, кормандони он ҳамарӯза баҳри истироҳату фароғати меҳмонон шароит муҳайё менамоянд.

Бояд гуфт, ки меҳмонхонаи «Салимбек» шаш сол қабл аз таъмир бароварда шуда, дорои шароитҳои замонавист, утоқҳо бо лавозимоти зарурии истироҳату фароғат таъмин мебошанд. Тибқи иттилои Отуной Бӯтаева имконияти хизматрасонии меҳмонхона дар як вақт барои 36 нафар пешбинӣ шуда, бошандагон танҳо бо ҷои хоб таъминанду халос. Бобати хизматрасониҳои маишӣ, аз ҷумла ошхона меҳмонон метавонанд, аз хизматрасониҳои чойхона ё ошхонаҳои атроф истифода баранд.

 Аз 18 ҳуҷраи истироҳатӣ ва 36 кати хоб танҳо дари як ҳуҷра кушода буд. Чун аз роҳбарияти ин макони истироҳатӣ сабаб пурсидем, посух гирифтем, ки соле чанд маротиба, ин ҳам бошад, ҳангоми ташрифи сайёҳон ва меҳмонони гурӯҳӣ ба муҳлати 15-20 рӯз тамоми ҳуҷраҳо фаъолият мебаранду бас.

- Аз аввали соли 2018 то кунун беш аз 550 нафар меҳмони ин даргоҳ шудаанд. Меҳмони шабонарӯзии мо асосан сокинони давлатҳои Русия, Афғонистон, Ӯзбекистон ва ҳам шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Кӯлоб, Истаравшан, Восеъ, Панҷакент мебошанд. Бо кушода шудани марзҳои дӯстӣ акнун мо метавонем, меҳмонони Ҷумҳурии Ӯзбекистонро низ қабул намоем, - гуфт Отуной Бӯтаева.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ҳарчанд намуди зоҳирии бино ва гирду атрофи он ба назар зебову замонавист, аммо ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набудани ҳуҷраҳо, рахти хоб, кӯрпаву болин, ҷойи шустушӯ ҳамчун мушкилоти кормандони меҳмонхона боқӣ мемонад. Гарон будани нархи хизматрасонӣ, риоя накардан ба тозагию озодагӣ ҳар нафарро метавонад аз ин ҷо саргурез намояд.

Агар масъулини меҳмонхона ба чунин камбудиҳои «ночиз» диққати махсус медоданду бобати бартарафсозии он чораҷӯӣ мекарданд, сафи иқоматкунандагони муваққатӣ дар ин ҷо меафзуду меҳмони ин даргоҳ бо табъи болида ва хотироти накӯ ба макони худ раҳсипор мегардид, нуран алонур мебуд. Ҳамин тавр не?

Шаҳнозаи РУСТАМ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh