Сайёҳон ба фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳ мекунанд…

Туризм яке аз бузургтарин ва сердаромадтарин соҳа маҳсуб меёбад, ки паҳлӯҳои иқтисодӣ ва фарҳангиро таҳти таъсир қарор медиҳад. Ривоҷи туризм боиси ташкили ҷойҳои нави корӣ ва афзудани даромади мардум мегардад ва аз ин ҷост, ки бисёре аз кишварҳо, ҳамчун Испания, Италия ва Франсия қисми асосии даромади худро аз туризм ба даст меоваранд.

Дар кишвари мо соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст, то заминаҳо барои рушди сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба Тоҷикистон фароҳам шавад.

 Дар шаҳри Хуҷанд як қатор корҳои назаррас ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои ҷалби сайёҳон ба субут расидаанд. Ба тартиб овардани гулгашту хиёбонҳо, таъмиру бозсозии биноҳо ва муассисаҳои хизматрасонӣ, ташкили хатсайри таксиҳо дар минтақаҳои мухталиф, танзими шиору тоблуҳо ва китобчаҳои роҳнамо ба манзури муаррифии маконҳои дидании шаҳру вилоят аз ин ҷумлаанд.

Аммо дар канори ин ҳама шарти аслии ҷалби сайёҳон фазои ороми ҳар шаҳр мебошад. Албатта, дар ин росто низ дар Хуҷанд корҳое анҷом шудаанд, ки аз ҷумлаи он ба тартиб овардани кору фаъолият дар бозорҳои «Панҷшанбе» ва «Ҷумъа-бозор» мебошад. Бо вуҷуди ин, он чӣ ки фарҳанги шаҳрнишиниро осебпазир кардааст, хизматрасонии нақлиёти мусофирбари дохилишаҳрӣ ё ҳамон «маршрутка»-ҳо мебошад. Ҷои баҳс нест, ки нақлиёти мусофирбар чун набзи шаҳр рафтуомад, ва дар маҷмуъ ҳаёти дохилишаҳриро таъмин мекунад. Мақомоти шаҳрҳо ва сохторҳои вобаста ба он талош доранд, ки бо рабтии хизматрасонии воситаҳои нақлиётро ба роҳ монанд.

 Шаҳри Хуҷанд, ки яке аз бузургтарин шаҳрҳои Тоҷикистон маҳсуб мешавад, дар замони шӯравӣ барои мутобиқ шудан ба зиндагии муосир тарҳҳои зиёдеро амалӣ кард, аммо сохти қадимии худро дар қисматҳои марказӣ ҳифз намуд. Дар ҳолате, ки ҳамин қисматҳо ба мушкили рафтуомади воситаҳои нақлиёт рӯ ба рӯ мешавад. Аммо мушкили аслӣ сифати хизматрасонии нақлиёти мусофирбар ба мардум аст. Солҳои охир троллейбус ва автобусҳои дохилишаҳрӣ аз фаъолият монда, ҷои онҳоро нақлиёти нисбатан хурдтар - «маршрутка»-ҳо гирифтаанд. Ин мусофирбарҳо нисбатан тезтар аз як маҳал ба маҳали дигари шаҳр мусофиронро бурда мерасонанд. Аммо оё ин хизматрасонӣ мутобиқи меъёрҳои таъиннамуда аст? Оё мусофирбарҳо, воқеан хизматрасониро ба мардум дар навбати аввал қарор додаанд? Оё амалкарди соҳибони «маршрутка»-ҳо ризояти мардумро ба ҳамроҳ доштааст? Оё ин васоити нақлиёт меъёрҳои шаҳри орому солимро барои Хуҷанд риоят кардаанд? Оё ронандагон дар фикри эминии мусофирони худ ҳастанд? …

Мутаассифона, посух ба аксари ин пурсишҳо манфӣ аст. Аввалин коре, ки дар хизматрасонии «маршрутка»-ҳо хилофи қонун аст, беш аз меъёр савор кардани мусофирон мебошад. Ин амали берун аз чорчӯбаи қонун баъзан ба ҳадде мерасад ва аксаран ба низои мусофирону ронанда оварда мерасонад. «Мусобиқа барои мусофир» дигар қонуншикании ронандагони ин воситаҳои нақлиёт ҳаст, ки аксаран мушоҳида мешавад.

Ин қонуншиканиҳо аз ҷумла, дар чандметрии идораи БДА вилоятӣ, аз тарафи ронандагони мусофирбарҳои рақамҳои 3, 97, 105 рух медиҳанд ва чунин саҳнаҳои ногувор ҳар рӯз борҳо такрор мешаванд. Дигар кори хилофи фарҳанги хизматрасонии «маршрутка»-ҳо пахши суруду оҳангҳо ва видеоклипҳои баъзан хилофи меъёрҳои ахлоқӣ аст. Дар ин миён чизи дигаре, ки боиси хира гардидани табъи сайёҳон ва, умуман, мардум мегардад, ин беназмиҳо дар ду истгоҳи «Универмаг», ки маркази шаҳр ва яке аз роҳҳои аслии рафтуомади сайёҳон маҳсуб мешаванд, аст. Сарфи назар аз он, ки ин истгоҳҳо масоҳати калонро дар бар мегиранд, аммо «маршрутка»-ҳо умдатан дар назди баромадгоҳҳои гузаргоҳҳои зеризаминӣ меистанд. Роҳи ҳамдигарро банд мекунанд ва бо «сигнал»-ҳои берабту гӯшхарош назму оромии муҳитро барҳам мезананд. Дар ин миён «пулчинакҳо» дар як мусобиқаи эълоннашуда бо якдигар доду фарёд карда, одамонро ба мошинҳои худ даъват мекунанд… Ин ҳама доғеанд ба фарҳанги хизматрасонӣ ва ноором ҷилва додани шаҳр дар назди меҳмонон. Ҳол он ки бо мушаххас кардани ҷои исти ҳар як масир метавон ба осонӣ ин мушкилро ҳал кард. Шояд замони он фаро расидааст, ки ҳамчун пойтахт дар маркази шаҳр аз автобусҳо истифода шавад?

 Албатта, рушди сайёҳӣ фақат барои ин сол нест, пас бояд мувофиқи дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат амал намуда, барои ҷалби сайёҳон талошҳои бештаре ба харҷ дод.

Аъзам Хуҷаста

Add comment


Security code
Refresh