Таваҷҷуҳи сайёҳон ба вилоят афзудааст!

Дар бештари кишварҳои ҷаҳон соҳаи туризм дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёту коммуникатсия, сохтмон, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

Дар вилояти Суғд низ ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ, осорхонаву тарабхонаҳо макони сайругашти сайёҳон шудааст. Имрӯз шуъбаи рушди сайёҳӣ дар вилоят ҷаҳд бар он дорад, ки сайёҳонро ба таври зарурӣ пешвоз ва шароити хуби истироҳатро фароҳам орад. Абдумаҷид Раҳимов - мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гуфт, ки алҳол дар вилоят 13 осоишгоҳ, 54 меҳмонхона ва 20 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд. Давоми шаш моҳи соли равон тақрибан 372 ҳазор сайёҳ вориди вилоят шудаанд, ки асосан аз мамлакатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ташриф меоранд. Алҳол диққати сайёҳон бештар ба табиати нотакрори кишвар, ҷойҳои истироҳативу фароғатӣ равона карда шудааст, ки асосан шаҳру навоҳии Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Айнӣ ва Исфара аз қабили онҳоянд.

Оливиа Ҷонс – сайёҳ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико:

- Бори аввал ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саёҳат омадам ва худро дар олами дигар дидам. Мардумаш хеле меҳмоннавозу хоксор ҳастанд. Дар бозори марказии «Панҷшанбе» меваҳои тару тоза зиёд буда, бо нархи арзон фурӯхта мешаванд. Бояд гуфт, ки зардолуи Хуҷанд бароям писанд омад ва онро бори аввал чашидам. Масҷиди Шайх Маслиҳатдинро ҳамроҳи дӯстонам зиёрат кардем. Деворҳояш чунон моҳирона нақшбандӣ шудааст, ки кас ба ҳайрат меояд. Огоҳ гаштем, ки ба ин макони муқаддас нафарони зиёде омада, барои худу аҳли оила тансиҳатиро металабанд. Акнун барои сайру саёҳат ба шаҳри Панҷакент хоҳем рафт.

Лампрехт Ройсс – сайёҳ аз Олмон:

- Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бароям писанд омад. Шомгоҳ дар ин макон мардуми зиёдеро дидан мумкин аст. Ҳама бо табассум сӯямон менигаранд. Барои мо самбӯсаи бо алаф омодашуда, ки онро дар танӯри тасфон мепазанд, маъқул шуд. Ман бори аввал ин гуна таомро чашидам. Ҳамчунин, Хона - музейи Камоли Хуҷандӣ диққати бинандаро ба худ ҷалб мекунад, ки бо маҳорати баланд сохтаанд. Болои кати гузошташуда чойи кабудро нӯшида, аз табиати нотакрори Хуҷандшаҳр лаззат бурдем. Ният дорем ба дигар ҷойҳои зебоманзари шаҳру навоҳии вилоят низ сафар кунем.

Оксана Полякова – сайёҳ аз Федератсияи Русия:

- Пас аз сайругашти дуру дароз хостем истироҳати худро дар назди баҳр гузаронем. Ба осоишгоҳи «Баҳористон», воқеъ дар шаҳри Гулистон омадем. Дар осоишгоҳ тамоми шароит муҳайё буд, табобати замонавиву муоширати табибони баландихтисос бароямон мақбул гашт. Ростӣ, мо гумон надоштем, ки сарзамини тоҷикон то дараҷае зебову дилписанд ва мардумаш меҳмоннавозу меваҳояш болаззат аст. Тӯли як ҳафта дар Хуҷанд саёҳат доштем ва ҷойҳои таърихии ин шаҳрро тамошо кардем. Вақти шом намуди шаҳр тамоман дигаргун гашта, диққати ҳар нафарро ба худ мекашад. Ният дорем, пас аз ду рӯз ба ноҳияи Айнӣ барои тамошои Искандаркӯл раҳсипор гардем, зеро шӯҳрати ин макон ба дуриҳо расидааст.

Сайдғозимхон Худойқулов – сайёҳ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон:

- Писарбачаи 12 - сола будам ва ҳамроҳи модарам ба Тоҷикистон сафар доштем. Пас аз кушода шудани сарҳад боз ба ин ҷо омадам. Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус, шаҳри Хуҷанд хеле зебову назаррабо шудааст. Дар шаҳр биноҳои баландошёна, тарабхонаву меҳмонхонаҳои зиёде қомат афрохтаанд. Мақсад аз омадани ману ҷӯраҳоям зиёрати шаҳраки қадимаи Саразм, воқеъ дар шаҳри Панҷакент аст, зеро ёдгории қадимаи таърихии 5500 - солаи шаҳраки Саразм дар шаҳри Панҷакент ҳамчун маркази ташаккули фарҳанги заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ аст. Аз ин лиҳоз, мехоҳам дар бораи он маълумоти бештаре пайдо намоям.

Бино ба маълумоти расонаҳои хабарӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 холи имконпазир 3,2 хол гирифта, дар давоми ду сол аз 119 ба 107-ум ҷой боло рафт. Беҳтарин нишондодро (5,7 хол) Тоҷикистон дар категорияҳои «амният», «тандурустӣ ва беҳдошт» ба даст овард. Ҷолиби диққат аст, ки Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол болоравии беҳтарини сайёҳӣ нишон доданд, алоҳида қайд шудааст. Дар ин рӯйхат Тоҷикистон дар зинаи сеюм қарор гирифта, дар ҷойи аввал Ҷопон ва дар ҷойи дуюм Озарбойҷон мебошанд.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh