Забони миллиро кай эҳтиром мекунем?

Ба мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ расо 30 сол мешавад. Гузашта аз ин, баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон ҷанбаҳои ҳуқуқии Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» аз ҳар ҷиҳат тақвият ёфт. Он моро вазифадор менамояд, ки забони миллиамон - тоҷикиро эҳтиром намоем ва корбарӣ низ бояд бо ин забон сурат бигирад.

Мутаассифона, имрӯз дар баъзе мағозаҳо аз тарафи соҳибкорон талаботи қонуни мазкур умуман ба инобат гирифта нашуда, номгузории мағозаву иншоот бе риоя кардани меъёрҳои забони адабӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба забони ғании ҳазорсолаамон мушоҳида мешавад. Дар як гаштугузори чандлаҳзаина метавонед бубинед, ки аксари овезаҳои калону чашмраси мағозаҳо бо забони бегонаву нофаҳмо мебошанд ва ба забони миллии мо умуман иртиботе надоранд.

Мағозаҳои «Formenti», «PopoIare», «Хумейра», «I am different», «Оазис» «Multi Brand», «Кеrama Marazzi», «Zuhre» ва садҳо чунин номҳои аҷнабӣ дар ҳар кӯчаву паскӯчаҳои шаҳр ба чашм мерасанд. Оё шахсони масъул аз ин роҳҳо мегузаранд, ё худи соҳибони мағоза ба мазмуну мундариҷаи номҳо аҳамият медиҳанд?

Бобати ин масъала бо соҳибкорон суҳбат доштем онҳо далел пеш меоранд, ки гӯё дар соли рушди сайёҳӣ барои меҳмонони хориҷӣ хушоянд аст. Борҳо гуфтаем, ки барои сайёҳон дидану шунидани ҳарфу лаҳҷаи худашон аҷобате надорад. Баръакс, онҳо ба Тоҷикистони мо меоянд, то аз расму забон ва номгузории миллии мо огоҳ бошанд.

Ба хонандагони рӯзнома суоле пешниҳод менамоем, ки оё дар ягон давлати хориҷа номгӯи мағозаю рекламаҳояшонро бо забони тоҷикӣ дидаед? Баръакс дар Туркия бо забони туркӣ, Дубай - арабӣ, Аврупо бо лотинӣ ва ғайра номгӯи мағозаву иншооташонро бо забони миллиашон гузоштаанд. Чаро онҳо забони давлатию миллиашонро пос медоранду мо - ворисони ҳазорсолаи ин забони қадима онро эҳтиром наменамоем?

Моро зарур аст, ки нисбат ба забони тоҷикӣ ҳамеша ғамхорӣ намуда, мароми зиндагии худ қарор диҳем. Чунин тарзи баён аз як тараф, хилофи покизагӣ ва риоя нагардидани меъёрҳои забони адабӣ бошад, аз тарафи дигар, чунин калимаю таъбирҳои хориҷӣ ба зеҳни хонандагон, бахусус наврасон таъсири манфӣ мерасонад.

Масъулини комиссияи номгузорӣ чӣ фикр доранд?

Фирдавс Мамадалиев - мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд, ки дар як вақт котиби комиссия оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» мебошад, чунин изҳор менамояд:

- Баъди ба тасвиб расидани қарори раиси шаҳр роҷеъ ба ҷудо гардидани масоҳат ва ё иҷозати сохтани мағоза ҳар як соҳибкор вазифадор аст, ки номи мағозаю нуқтаи хизматрасонии худро бо комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамоҳанг намояд. Мутаассифона, тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, вазъ на тавре аст, ки дар қонун талаб карда шудааст. Бадии кор дар он аст, ки соҳибони мағозаҳо барои номнависӣ ба оҷонсиҳои рекламавӣ муроҷиат мекунанд. Оҷонсиҳо низ бояд дар навбати худ пеш аз он, ки фармоиши касеро қабул намоянд, санади ризогии аъзои комиссияи мазкурро оид ба номгузории иншооти соҳибкор пурсанд. Мутаассифона, ин талаботи қонун аз ҷониби соҳибкорон ва аз тарафи оҷонсиҳои рекламавӣ ба инобат гирифта намешавад. Эроди шумо дуруст, ки имрӯз чунин коргузорӣ ҳамаро ба ташвиш оварда истодааст.

Яъне кор то ҷое шуда, ки табъи ҳама вазиру худаш шоҳ. Набояд чунин ҳол идома ёбад. Натанҳо забоншиносон, балки хурду бузурги кишвар масъулем, ки эҳтироми забони давлатиро ба ҷой орем.

- Баъди он, ки аз тарафи масъулини соҳа эрод гирифта мешавад, соҳибкорон маҷбуранд, бо хароҷоти изофагӣ бори дигар номи иншооташонро дигар кунанд. Бисёр хуб мешуд, ки соҳибкорон қабл аз номгузорӣ бо комиссия номашро ҳамоҳанг кунанд, - иброз дошт мавсуф.

Маълум гардид, ки аз тарафи аъзои комиссия ва масъулин рейдҳо гузаронида, борҳо ба номгузории мағозаҳо эродҳо ирсол ва номи онҳо иваз карда шудааст. Пас месазад, ки соҳибкорон нахуст эҳтироми забони миллиро ба чой оранд ва сониян, ҳатман барои номгузорӣ бо мутахассисон маслиҳат намоянд, то хароҷоти дучанд накунанд.

Шаҳноза Ҳомидова,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh