Боздиди Раиси вилоят аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ”

Рӯзи якшанбеи 20 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ” – и шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо фаъолият ва вазъи кунунии он шинос гардид.

Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ” дар соҳили дарёи Сир ва дар масоҳати 22 гектар доман густурда, яке аз мавзеъҳои дӯстдоштании сокинон ва меҳмонони маркази вилоят маҳсуб меёбад. Дар “Наврӯзгоҳ” атраксионҳои гуногун мавҷуд буда, ҳамарӯза теъдоди зиёди сокинон барои истироҳату фароғат ба ин мавзеъ меоянд.

Тавре зимни боздид аён гардид, ҳолати кунунии боғ нигаронкунанда буда, чароғонкунӣ, фаъолияти атраксионҳо, обутобгоҳ, истифодаи иншоот ва ҳолати санитарии боғ беҳбудӣ мехоҳад. Раиси вилоят бо назардошти мушкилоти мавҷуда ба роҳбарияти муассисаи фарҳангӣ супориш дод, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин барои беҳтар намудани вазъи ободонии Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ” тадбирҳои мушаххас андешида, гӯшаи боғи ҳайвонотро дар ҷойи мувофиқ ҷойгир намояд.

Дар идомаи боздид Раиси вилоят бо рафти корҳои таъмиру навсозии меҳмонхонаи “Ленинобод” шинос гардид. Бояд зикр кард, ки дар доираи тадбирҳои амалишаванда ба муносибати “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” меҳмонхонаи “Ленинобод” ба навсозӣ фаро гирифта шудааст. Тибқи нақша дар баробари таъмири ҳуҷраҳои меҳмонхона бунёди қаҳвахонаҳои замонавӣ, истгоҳ барои нақлиёт, ҳавзи шиноварӣ, толори машқу тамрин ва дигар иншооти ёрирасон дар назар дошта шудааст.

Раиси вилоят дар аснои шиносоӣ масъулин ва сохтмончиёнро вазифадор намуд, ки корҳои таъмиру барқарорсозиро дар сатҳи зарурӣ ва бо сифати баланд ба иҷро расонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh