Осорхонаҳо – макони таъриху тамаддун

Дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба Рӯзи байналмилалии Осорхонаҳо конфронси илмӣ таҳти унвони “Осорхонаҳо – макони таъриху тамаддун” доир гардид.

Дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят, олимону адибон, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ва кормандони муассисаи мазкур иштирок доштанд.

Иброҳим Иброҳимов - омири кулли Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” конфронсро оғоз намуда, ҳамагонро бо иди касбиашон шодбош гуфт. Гуфта шуд, ки алҳол осорхонаҳо бо дастгирии ҳукумати мамлакат, Вазорати фарҳанг ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят беш аз пеш доираи фаъолияти худро вусъат бахшида истодааст.

ҳамчунин Ф.Усмонова – мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги вилоят, Г.Раҳимова – директори осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Исфара, Қ.Раҳимова – муовини омир оид ба корҳои илмии осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ва дигарон маърузаҳои пурмуҳтаво намуда, бо аҳли нишаст оид ба баланд бардоштани хизматрасонӣ ва ҷалби сайёҳон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихию саёҳатӣ саволу ҷавоб доир намуданд.

Н.Бузурукова,
китобдори калони
Муассисаи давлатии Маҷмааии фарҳангию таърихии
“Қалъаи Хуҷанд”

Add comment


Security code
Refresh