Дар Самарқанд ҳайати намояндагони вилояти Суғдро гарму самимӣ истиқбол намуданд

Дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносиботи дӯстона бо ҳамсоякишварҳо таҳким меёбад.

Аз ҷумла, мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёв, ки моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, дар таърихи муносибатҳои мардумони тоҷику ӯзбек саҳифаи навро боз намуд.

Дар заминаи созишномаҳои ба имзо расонидаи ҷонибҳо равуои сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави ҳамдигар осон шуда, муносибатҳои дӯстона рӯз ба рӯз беҳтар гардида истодааст.

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанд ва ташкили намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноативу бозии дустона миёни дастаҳои футболи "Динамо" ва "Хуҷанд" худ гувоҳи он аст, ки марҳилаи нави ҳамкориҳои дӯстона фаро расидааст.

Рӯзи 20 апрел бо мақсади иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон гуруҳи калони намояндагони вилоят бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода озими шаҳри Самарқанд шуд.

Намояндагони вилояти Суғдро дар гузаргоҳи сарҳадии "Ҷартеппа" ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев ва фаъолону сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Ба муносибати ташрифи меҳмонон дар гузаргоҳи сарҳадии "Ҷартеппа" барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Хотирнишон бояд кард, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Суғд дар Самарқанд дар шаҳри Самарқанд бо иштироки санъаткорони вилояти Суғд барномаи калони консертӣ намоиш дода мешавад. Ҳамзамон миёни доираҳои тиҷоратии ду вилоят Бизнес-форум ва намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии ҷонибҳо ташкил хоҳад шуд, ки дар дар доираи он ба имзорасони созишномаҳои ҳамкорӣ дар назар аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh