Осори таърихӣ нақшест мондагор

“Вазифаи мо аз он иборат аст, ки мероси гаронбаҳоро ҳифз карда, барои эҳё ва барқарор сохтани онҳо саъю кӯшиш намоем ва онҳоро ҳамчун сабақи таърих ба наслҳои оянда мерос гузорем”.

 Эмомалӣ Раҳмон

“Зебоӣ дунёро наҷот медиҳад” гуфтааст М. Достоевский. Ҳангоми суҳбат дар бораи зебоӣ шояд ба ёди аксари мо ин ё он асари санъати мусиқӣ, рассомӣ, адабӣ ё намунае аз осори гаронбаҳои таърихӣ расад. Асарҳои устодони аҳди эҳё бо мурури замон куҳна намешаванд, баръакс, боз ҳам зеботар менамоянд. Миллионҳо ҷаҳонгардон ба шаҳри Париҷ омада, пеш аз ҳама ба Лувр медароянд, то ки асари “Ҷоконда”-и Леонардо де Винчиро тамошо кунанд. Нафаре, ки бо осори таърихӣ шинос аст, дарк менамояд, ки зебоӣ натанҳо эҳсоси шахсист, балки ҷузъи ҷудонашавандаи тамаддуни башар аст. Аз ин рӯ, шахсе, ки маданияти воло дорад, вақти сафар ба ягон кишвар албатта ба ҷойҳои таърихиву фарҳангии он аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. 

Хуҷанди бостонӣ низ аз марказҳои илму фарҳанг, сиёсию иқтисодӣ ва маданию адабӣ ба ҳисоб рафта, ҳамеша машъалбардори маърифат аст. Ин ҷо зодгоҳи Камолу Маҳастии Хуҷандӣ барин бузургони тамаддун, Темурмалик барин мардони шуҷоатманд ва садҳо номдорони миллат, ба монанди Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Тошхоҷа Асирӣ, Ҳоҷӣ Юсуф, Содирхон Ҳофиз мебошад, ки номашон дар таърих бо ҳарфҳои заррин нақш бастааст.

Осорхонаи таърихии вилоятии маркази шаҳр воқеан маконест, ки ҳангоми ворид шудан гӯё дунёи дигаре туро пешвоз мегирад. Дари ин макон ҳамарӯза барои тамошобинон ва сайёҳон боз буда, кормандон кӯшиш менамоянд, ки ҳар нафари меомада аз ин ҷо бо як ҷаҳон таассурот баргардад. Онҳо нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор кардани чорабиниҳо ва хизматрасонӣ ба тамошобинон корҳои назаррасро ба сомон мерасонанд. Инчунин, баҳри боз ҳам баланд бардоштани фаъолияти илмии осорхона тибқи нақшаи корӣ оид ба ҷамъоварии бозёфтҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ кӯшиш менамояд.

Теъдоди тамошобинони алоҳида дар семоҳаи аввали соли равон 6414 нафар буда, аз кишварҳои хориҷ 175 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳамагӣ ”Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”, “Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов” ва ”Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ”-ро 19585 нафар тамошо карда, лаззати маънавӣ гирифтанд. Аз ҷониби кормандони илмии осорхонаҳои маҷмаа тибқи нақшаи корӣ оид ба ҷамъоварии таърихӣ-фарҳангӣ аз шаҳрвандон бо мақсади ғанӣ гардонидани коллексияи фонди осорхона ба 20 адад бозёфти таърихӣ-фарҳангӣ варақа тартиб дода шуда, номгӯи ашёҳои пешниҳодгашта барои харидорӣ ба қайд гирифта шуданд, – гуфт дар суҳбат омири кулли муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» Иброҳим Иброҳимов.

Дар мавзеи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз ҷойҳои истироҳатии тамошобинону сайёҳон ба шумор меравад, баҳри ободонӣ 241 адад дарахти сосна, моҷевелник, дуб, сирени ҳиндӣ ва 43800 адад гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд ва истироҳаткунандагон тибқи реҷаи корӣ аз тамошои фаввораҳо ва обшорон ба ваҷд меоянд. Инчунин, дар ҳудуди боғ ҷиҳати татбиқи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” растаҳои ҳунармандии минтақаҳои кишвар аз тарафи муассисаҳои таълимии миёна ва олии вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ташкил карда шудаанд.

Кормандони маҷмаа дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар сатҳи баланди фарҳангӣ баҳри хизмат расонидан ба меҳмонони ватанӣ ва хориҷӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh