Сайёҳӣ рушд меёбад

Кишвари мо ҷойҳои зиёди диданӣ дорад ва барои ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани ин мавзеъҳои таърихӣ ҷалби сайёҳони хориҷӣ нақши муҳим мебозад. Шароити мусоиди табиии Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ки сайёҳон аз манзараҳои бемисли табиати мо баҳравар гашта, дар як вақт бо намунаҳои ҳунари миллиамон ошноӣ пайдо намоянд ва бо ҳамин баҳона онро ба ҷойҳои худ бурда, фарҳангу ҳунари тоҷикиро дар олам паҳн созанд.

Мо мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ҳастем, инчунин, соҳиби кишвари офтобрӯ буда, бо меваҳои шаҳдбор, манзараҳои зебои нотакрор, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, ҳайвоноту наботот дар олам нотакрор мебошем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2018 дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад. Зеро, табиат ва иқлими мувофиқи мамлакати мо барои ба роҳ мондани рушди сайёҳӣ ва инкишоф додани он заминаҳои мусоид фароҳам овардааст. Аз рӯи маълумотҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии туристӣ (ТУТ) бармеояд, ки инкишофи туризм ва саёҳат миқдори ҷойҳои нави кориро дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон таъмин месохтааст. Сайёҳони мамлакатҳои тараққикарда, аз қабили Амрико, Олмон, Ҷопон маблағи худро бештар барои истироҳат дар хориҷа сарф мекардаанд.

Аслан, бо тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар, ки воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо, осоишта ва афсонавӣ аст, имкониятҳо бештар гардида, дар сурати андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар ин самт ҷумҳурии мо ба мавзеи муҳими сайёҳӣ табдил меёбад ва сатҳи иқтисодии мардум низ боло рафта, зиндагии аз ин ҳам пурфайзу зебою осоишта онҳоро интизор аст.

Бималоҳат Дадоҷонова,
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh