Имтиёз ба фарзандони собиқадор

Иттифоқи барқароркунандагони сохти конститутсионӣ дар ноҳияи Деваштич соли 2014 таъсис дода шуда, зиёда аз 50 нафарро дар худ муттаҳид мекунад ва бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлоливу Ваҳдати миллӣ, таблиғу татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ ташкил гардидааст.

Роҳбари иттифоқ Ҳайит Туробов зикр намуд, ки иқдомҳои дар соли 2017 аз ҷониби аъзои иттифоқ дар миқёси ноҳия роҳандозигардида обрӯву нуфузи ташкилотро боз ҳам баланд бардошта, хотири шаҳидони барқароркунии сохти конститутсионӣ ва аъзои оилаи онҳоро шод гардонид. Инчунин қайд гардид, ки фарзандони 35 нафар собиқадори эҳтиёҷманди иттифоқ аз хароҷотҳои мактабӣ бо дастгирии шӯъбаи маорифи ноҳия озод гардида, дар шафати даромадгоҳи ҳавлиҳои шаҳидони барқарор кардани сохти конститутсионӣ лавҳаҳои хотиравӣ насб карда шуданд. 

Сарвар САИДОВ,
роҳбари намояндагии ТҶҶ
«Созандагони Ватан»
дар ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh