Иштироки Раиси вилоят дар тантанаҳои наврӯзии сокинони шаҳри Конибодом

Рӯзи якшанбеи 18 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафар карда, дар тантанаҳои наврӯзии сокинони шаҳр ширкат намуд.

Раиси вилоят зимни иштирок дар чорабиниҳои наврӯзии Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқови шаҳри Конибодом аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинонро ба муносибати Иди Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфт. Қайд гардид, ки мардуми сарбаланди тоҷик бо фарорасии фасли диловези баҳор ва Наврӯзи Аҷам ба корҳои ободониву созандагӣ камари ҳиммат баста, Наврӯзро бо руҳияи тоза истиқбол мегиранд.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид сохт, ки бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат корҳои ободониву созандагӣ ҷараён доранд. Дар ин росто дар шаҳри Конибодом низ корҳои бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намудааст. Маҳз натиҷаи кӯшишҳои шабонарӯзии роҳбарияти олии мамлакат аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ симои шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот дигар шуда, сатҳи некуаҳволии мардум бамаротиб беҳтар гардидааст.

Дар идома аҳли зиё ва ходимони давлативу ҷамъиятӣ низ паёми наврӯзиашонро ба мардуми ин минтақа расониданд.
Дар чорабинии наврӯзии сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқови шаҳри Конибодом дастранҷи ҳунармандони маҳаллӣ дар растаҳои гуногун ба намоиш гузошта шуд, ки Раиси вилоят аз онҳо боздид намуда, ба ҳунари мардуми ин минтақа баҳои баланд дод.

Дар ин рӯз ҳамзамон хатнасури хайриявии 10 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд сурат гирифт ва Раиси вилоят ба ҳамаи кӯдакон туҳфаҳо тақдим кард.

Маврид ба зикр аст, ки Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов дорои 7 деҳа ва ду шаҳрак буда, маҷмӯан дар он 27 ҳазор умр ба сар мебаранд.

Худи ҳамин рӯз Раиси вилоят ва намояндагони аҳли зиё ва ходимони давлативу ҷамъиятӣ дар чорабинии наврӯзии сокинони Ҷамоати деҳоти Маҳрам низ иштирок карда, сокинонро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh