Мусобиқа барои дарёфти Ҷоизаи Наврӯз-2018

Дар заминаи татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оммавияти варзиш ва ҳам ҷалби кормандон ба тарзи ҳаёти солим дар маҷмааи варзишии Раёсати андози вилояти Суғд пайваста мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида мешаванд.

Бахшида ба ҷашни Наврӯз мусобиқаи футболи хурд байни кормандони Раёсати андози вилояти Суғд ва мақомоти ҳудудии он оғоз гардид. Чи тавре ки сардори Раёсати андози вилоят Бахтиёр Султон зимни ифтитоҳи расмии мусобиқа иброз дошт, ба варзиш машғул шудани кормандон маҳсулнокии меҳнати онҳоро низ афзун мегардонад. Мусобиқа дар рӯзҳои тантанаҳои Ҷашни Наврӯз ҷамъбаст 20-дастаи футболбоз аз Шуъбаҳои Раёсати андози вилояти Суғд ва Нозироти андози шаҳру ноҳияҳо ширкат меварзанд. Бояд зикр намуд, ки бозӣ рӯзҳои истироҳат дар майдони барҳавою замонавии футболи хурд воқеъ дар дохили бинои Раёсат сурат мегирад. Дастаи ғолиби мусобиқа бо Ҷоизаи Наврӯз-2018, ва ба бозингарони беҳтарин бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда мешаванд.

-Таъмини нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ барои семоҳаи аввали соли 2018 дар фосилаи моҳҳои январ-феврал, яъне пеш аз мӯҳлат тӯҳфаи  арзандаи кормандони Нозироти андози ноҳияи Айнӣ ба истиқболи Ҷашни Наврӯзи хуҷастапай арзёбӣ гардида, минбаъд ҳам ҳамин анъанаи некро идома дода, нақшаи ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро дар ҷамъбасти соли 2018 барзиёду босифат ва пеш аз мӯҳлат таъмин созем иброз дошт зимни сeҳбат Фарзон Оқилзода.

Тоҳирҷон ИСКАНДАРЗОДА,
 Роҳбари Маркази матбуоти Раёсати
 андоз дар вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh