Иштироки Раиси вилоят дар чорабиниҳои наврӯзии сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Нимаи дуюми рӯзи 17 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои наврузӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф овард.

Раиси вилоят нахуст аз мактаб-интернати ба номи Тӯхтабой Ғаффоров, ки барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон заиф пешбинӣ шуда, дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз ҷойгир аст, боздид намуда, тарбиятгирандагон ва мураббиёни мактаб-интернати мазкурро ба муносибати фарорасии иди Наврӯзи Аҷам табрик гуфт. Зикр карда шуд, ки дар остонаи иди аҷдодӣ ба ҷо овардани аёдат ва зиёрати пирони барнодил ва собиқадорони меҳнат, беморон ва ятимону бепарасторон аз амалҳои неку писандидаи мардуми мо ва як суннати хуби наврӯзӣ ба ҳисоб меравад.

Раиси вилоят барои муҳассилини ин муассиса тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда, ҳамзамон ба шароити зист ва таҳсили онҳо мароқ зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд низ барои беҳтар кардани шароити хонадагон ва устодон чораҳои мушаххасро амалӣ менамояд. Бояд зикр кард, ки дар муасссаи мазкур 286 нафар хонандагон аз тамоми гушаю канори вилоят фаро гирифта шудаанд.

Сипас, Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар тантанаҳои наврӯзии сокинони маҳаллаи Сариосиёи Ҷамоати деҳоти Хистеварз ширкат варзида, як гуруҳ собиқадорони меҳнатро аёдат намуд. Ба собиқадорони меҳнат ва ҳамчунин ба 20 оилаи камбизоат армуғони наврӯзии Раиси вилоят тақдим гардид.

Худи ҳамин рӯз Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии наврӯзии маҳаллаи Ҳафт ганҷи Ҷамоати деҳоти Исфисор низ иштирок намуд. Раиси вилоят бо сокинон, махсусан бо мӯйсафедон сӯҳбат намуда, аз онҳо дуи неки наврӯзӣ гирифт. Дар сари деги суманак Раиси вилоят бо ҳамроҳон баҳри ободии диёри азизамон ва шукуфоии Ватан дуо намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни ироаи табрикоти наврӯзии хеш таъкид сохт, ки бо ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар аксари кишварҳои дунё ҷашн гирифта мешавад ва ин боиси ифтихори ҳар як сокини мамлакат мебошад. Баъдан Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои як идда кудакон аз оилаҳои камбизоат ва ба як гурӯҳ собиқадорони меҳнат тӯҳфаҳои хотиравиро ҳамчун армуғони наврузӣ ҳадя намуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин чорабиниҳо Раиси вилоятро роҳбарияти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ходими давлатию ҷамъиятӣ Биҳоҷал Раҳимова, инчунин гуруҳи адибони номвари вилоят бо сарварии раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ҳамроҳӣ карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh