Иштироки Раиси вилоят дар чорабинии наврӯзии тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Рӯзи 17 марти соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади иштирок дар чорабинии наврӯзии тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба шаҳри Бӯстон ташриф овард.

Раиси вилоят тарбиятгирандагонро бо фарорасии ҷашни ҷаҳонии Наврӯз таҳният гуфта, иброз дошт, ки зери роҳбариву раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату Ҳукумат ба қишри ниёзманди ҷомеа тавааҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва кӯдакони ятиму бепарастор ҳеҷ гоҳ худашонро танҳо ва бекас эҳсос нахоҳанд кард.

Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии намояндагони аҳли зиёи вилоят ба тарбиятгирандагони ин муассисаи иҷтимоӣ як қатор китобҳои пурмуҳтавои аҳли қалами кишварро, ки оид ба корномаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиф шудаанд, тақдим намуд.

Дар фазои тантанавӣ ба тарбиятгирандагон туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим ва дастурхони идона густурда шуд. Барномаи рангини наврӯзии тарбиятгирандагон, ки саршор аз меҳру муҳаббати самимӣ ба Ватан-Модар, Тоҷикистони маҳбуб, васфи табиати зебои диёр, шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот буд, табъи ҳозиринро болида гардонид.

Хотирнишон бояд кард, ки дар Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳри Бӯстон 103 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh