Беш аз 100 нафар варзишгрони Ӯзбекистону Қирғистон дар Наврӯзи Мастчоҳ

Дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯз таҷлил карда шуд. Дар ин  чорабинии идона беш аз 100 нафар варзишгарону меҳмонон аз ду кишвари ҳамсоя-Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок доштанд. Дар баробари меҳмонон, инчунин раиси ноҳия-Ғайрат Азиззода ва дигар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ширкат варзида, ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи аҷам табрик намуданд.

Ғайрат Азиззода зикр кард, ки   Наврӯз яке аз суннатҳои кӯҳани халқҳои Шарқ мебошад, ба он ҳар сол на танҳо дар сарзамини  кӯҳандиёри мо-Тоҷикистон,  балки дар Эрон, Афғонистон, Озорбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, ӯзбекистон, Туркия ва Ҳиндустон низ бо  шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.  Азиззода Наврӯзро  иди бедории табиат, оғози кишту кор, эҳёи анъанаҳои ниёгон хонда, гуфт:

 -Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллии тоза пайдо кард. Басо рамзист, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ Наврӯз мақоми  байналмиллалиро гирифт ва ин бесабаб ҳам нест. Наврӯз моҳиятан ҷашни инсонпарварона ва зебоипарастист. Бинобар ин мо, тоҷикистониён, ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва ҷашни покию зебоӣ, баҳору эҳё дар дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ ва бо шукӯҳ таҷлил менамоем.

Мураббии калон оид ба гуштини миллӣ, мураббии шоиста, Набӣ Дадабоев, ки дар ин чорабинӣ варзишгаронро сарварӣ мекард гуфт: Боиси хушнудист, ки ба диёри мо баҳор омадаву фасли иду айёмҳо дари ҳамватанони моро мекӯбад. Дар Наврӯзи ҷамоати Палдорак танҳо аз ду давлати ҳамсоя беш аз 100 нафар варзишгарону меҳмонон иштирок намуда истодаанд.  Инчунин аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят: Шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Бӯстон, Гулистон ва ноҳияҳои Исфара, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Б.Ғафуров, Деваштич ва тамоми ҷамоату деҳоти ноҳияи Мастчоҳ варзишгарон иштирок карда, аз рӯи варзиши намуди гуштини миллӣ ва  ресмонкашӣ қувваозмоӣ карда, ғолибон бо тӯҳфаҳои наврӯзӣ қадрдонӣ шуданд.

Фарзона Муродӣ

 

Add comment


Security code
Refresh