Паём ҳунармандонро аз андоз озод кард

Паёми Пешвои миллат дар баробари дастгирии ҳамаҷониба тамоми кормандони соҳаҳои мухталифи ҷомеа, инчунин ҳамаи ҳунармандонро аз  пардохти андоз озод кард. Ин озодкунӣ  аз ҳар ҷиҳат албатта, ба манфиати халқи ҳунармандони мо аст, зеро занону бонувоне, ки ба ҳунармандӣ рӯй овардаанд, метавонанд ризқу рӯзии худро дарёбанд.

Агар дар шаҳри Бӯстон шумораи умумии занҳо 17800 нафарро ташкил диҳад, аз ин шумора 8450 нафарашон занҳои қобили меҳнат ҳастанд.  Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари занҳо хонашин буда, ба дастгирӣ ва кор ниёз доранд. Дар шаҳри Бӯстон  2 адад маркази таълимию истеҳсолии адрасбофӣ бо фарогирии 20 адад дастгоҳи адрасбофӣ фаъолият намуда, зиёда аз 100 нафар занону духтарон бо таълим ва омӯзиши шартномавӣ фаро гирифта шудаанд.  Масалан соли 2017 дар шаҳри Бӯстон 2 нафар зани ҳунарманд бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумла муҳрабофӣ ва дӯзандагӣ ба гирифтани гранти Раиси вилоят, ба миқдори 10 ҳазор сомонӣ мушарраф шуданд. Дар баробари ин 7 нафар бонуи дигар ба гирифтани гранти раиси шаҳр ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ шарафёб гаштанд, ки ин барои рушди ҳунарҳои қадимаю мардумӣ дастгирии аввалиндараҷа аст.

Маврид ба зикраст, ки ин иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлат барои ҳамаи ҳунармандон имкон медиҳад, ки ба фарҳанги қадима ва ҳунарҳои гузаштагони мардуми тоҷик рӯ биёваранд.

Дар баробари чунин таъкиди ғамхорона нисбат ба ҳунармандон, инчунин ташкили грантҳои Президентӣ ва грантҳои раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ҳунармандонро ба ҳунари худ дилгарм карда, бешак барои паст кардани сатҳи бекорӣ мусоидат мекунад.

Соли 2018, ки бо ибтикори Президенти кишвар “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гашт, як фоли нек барои рушди ин ду соҳа аст. Бесабаб соли 2018  соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон нагардидааст. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки рӯз то рӯз муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя хубтар васеътар шуда истодааст. Ин ҳама барои ҷалби сайёҳон ва ба фурӯш рафтани молу маҳсулоти истеҳсолкардани ҳунармандон шароити хуб фароҳам меорад.  Мақсади асосии роҳбарияти олии кишвар низ тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ  аст.  

Инчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд.

Умедҷон Раҳматҷонӣ,
Судяи суди шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh