Суғд: Вусъати омодагиҳо ба истиқболи Наврӯзи ҷаҳонӣ

Тозагию ободкорӣ аз азал хоси мардуми тоҷик буду ҳаст. Ҳар ҷое, ки обод аст, он ҷоро метавон хурраму зебо дид.

Баробари оғози фасли дилфиреб-баҳори оламафрӯз ва эҳёи табиат гузаронидани шанбегиҳо ва ободу зебо гардонидани гирду астрофи маҳал ба ҳукми анъана даромадааст. Ин аст, ки сокинони шаҳри Хуҷанд то ин муддат чанд маротиба шанбегӣ гузаронида, бо шинонидани гулу гулбутта ва ниҳолҳои ороишӣ ҳусни шаҳри Хуҷандро таровати бештар бахшиданд.

Мавриди таҷдид ва азнавсозӣ қарор гирифтани роҳ ва намои биноҳои мавзеъҳои хиёбони Исмоили Сомонӣ, чорраҳаи Камоли Хуҷандӣ то мавзеи Панҷшанбе намуди шаҳрро боз ҳам дилработар гардонидааст. Тоза кардани кӯчаву маҳаллаҳои атрофи шаҳр аз ҷониби сокинон,  аз алафҳои бегона  тоза ва кабудизору гулзор намудани майдонҳо, рӯбучини гирду атрофи манзилҳои истиқоматӣ, корхонаву ташкилот, сафед кардани танаи дарахтон, сафолакпӯш намудани роҳҳо ва дигар корҳои ободонӣ шаҳодатгари он аст, ки мардум баҳори хушиқболро бо тозакориҳо ва дастовардҳои навин пешвоз гирифтанианд. 

Дар ин раванд ҳашарчиён дар баробари тозакунии гирду атрофи маҳал шинондани  400 бех лола, 700 бех садбарг, 540 бех гулҳои ороишӣ ва наздик 200 ниҳоли гуногуни ороишӣ шинонда, дар ободии макони зисти худ ҳиссагузор шуданд. Тоза кардани соҳилҳои дарёи Сир аз алафҳои худрӯй ва партовҳо аз ҷониби донишҷӯён бошад, имкон медиҳад, ки дар замири ҷавонону наврасон эҳсоси зебоипарастию ободкорӣ пайдо шавад.

Дар хиёбонҳои Раҳим Ҷалил, Раҳмон Набиев, кӯчаҳои «Сирдарё», ба номи Султон Умаров, шоҳроҳи Истиқлол бошад, сокинон баробари ба ҷо овардани як қатор корҳои ободонӣ, аз қабили киштгардон намудани майдончаҳои наздиҳавлигӣ, сафед кардани танаи дарахтон, рӯбучини кӯчаҳо, атрофи маҳаллаҳои шаҳр, биноҳои баландошёна, муассисаву ташкилот тасмим гирифтанд, ки Наврӯзи имсоларо бо руҳу илҳоми саршор истиқбол хоҳанд гирифт.

Дар шаҳри Конибодом низ омодагӣ ба ин ҷашни бузурги миллӣ ва фасли баҳори нозанин хуб ба роҳ монда шудааст. Аз даромади шаҳр эҳсос мегардад, ки кӯчаҳоро аз партов тозаву озода кардаанд. Ҷӯйборҳо, саҳни мактабу боғча ва муасисаву ташкилотҳо ободу дилкашанд. Дар канори кӯчаҳои шаҳр дарахтони  ҳамешасабз шинонида шуда, рӯҳияи мардум бо меҳнати созанда ва эҳсоси шаҳрдорӣ болидаву афзун аст. 

Бо мақсади баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ, ободу зебо гардонидани гирду атроф ва дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳот, ташкилоту муассисаҳо шинонидани ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабзу ороишӣ, мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Гурӯҳи корӣ вазифадор аст, ки фаъолияташро тибқи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, бо ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа корҳои ташвиқотию тарғиботиро ҷоннок намуда, баҳри ободу зебогардонӣ чораҳои мушаххас андешад.     

Тавре директори Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр Фарҳод Орифов гуфт, имсол шинонидани 4700 бех дарахти ороишиву ҳамешасабз ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз се ҳазор бех дарахти ҳамешасабзи санавбару ардач шинонида шуд. То ҷашни Наврӯзи фархундапай ин кор идома дода мешавад.  Бояд гуфт, ки масоҳати умумии қитъаҳои кабудизоркунӣ дар дохили шаҳр 21 ҳазору 800 метри мураббаъ, масоҳати ҷойи шинонидани алафҳои ҳамешасабз (газон) 4 ҳазору 600 метри мураббаъ мебошад. 

Алҳол мавсими шинонидани гулҳои ороишӣ оғоз шуда, 40-50 ҳазор адад гулҳои ороишии мавсимӣ, аз ҷумла 6 ҳазор бех гули садбарг ва 6 ҳазор гули канаро аз 3-юми март ба шинонидан оғоз намуданд. Ҳамзамон гулҳои ороишии питуния ва тагес аз шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон оварда, шинонида шуда истодааст. 

Дар робита ба истиқболи сазовори ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафрӯз, ҳамчунин анҷом додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар асоси нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат дар шаҳри Панҷакент бунёди як зумра иншоотҳо, ба кор андохтани корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, ифтитоҳи коргоҳҳои хурду миёнаи саноатӣ, дигар иншооти таъиноти иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, имрӯзҳо сокинони шаҳр бо рӯҳбаландии бузург дар самти ободониву бунёдкорӣ заҳмати садоқатмандона доранд.

Мудири шӯъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фарҳод Ҳамзаев иброз дошт, он дигаргуниҳои куллӣ, ободониву созандагӣ, ки вобаста ба дар шаҳри Панҷакент баргузор гардидани иди Наврӯзи байналмилал  ҷараён гирифта истодааст, ҳатто, гуфтан мумкин, даврони шӯравӣ ба назар намерасид. Танҳо дар соли равон бунёди даҳҳо иншоотҳо ба нақша гирифта шудааст.

То ин вақт ба сокинон аз хатти барқи 69 киловолта неруи барқ интиқол дода мешуду асосан коргоҳҳои саноатӣ бо нерӯи барқ ба таври пурра таъмин мегардиданд. Аҳолӣ бошанд, аз норасоии қувваи барқ ва паст будани шиддати он азият мекашиданд. Аз моҳи апрели соли 2016-ум бо гранти Бонки Рушди Осиё бунёди хатти барқи 220 киловолтаи «Айнӣ-Панҷакент» шуруъ шуда, дар ин иншоот 105 нафар кормандон аз кишвари Чин ва понздаҳ нафар коргарони тоҷик фаъолият бурданд. Арзиши умумии лоиҳа 23 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, корҳо дар самти васеъсозии зеристгоҳи «Айнӣ» ба итмом расонда шуданд. Корҳои лоиҳавӣ моҳи феврали соли равон ба анҷом расонда шуд. Акнун мардуми Панҷакент бемалол аз нерӯи барқи босифат истифода бурда истодаанд.

Дар иншооти ҷашнӣ - бинои Қасри ҷавонон, ки аз таҳхона ва панҷ ошёна иборат аст, алҳол қариб тамоми корҳо анҷом ёфтаанд. Дар ин ҷо 400 нафар устоҳои Ширкати «Манора-2014» аз маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд ва устоҳои маҳаллӣ аз «СУ-3»-и шаҳри Панҷакент фаъолият бурда, дар ҳаҷми наздик 7 миллион сомонӣ корҳоро ба анҷом расонданд. Тибқи нақша  дар ин бино бахши ҷавонон, толорҳои варзишӣ, ҳунарҳои мардумӣ, китобхона ва дигарҳо ҷойгир гашта, беш аз дусад нафар бо ҷои кор таъмин хоҳанд шуд.

Ҳамчунин дар хиёбони ба номи устод Рӯдакии шаҳр муассисаи томактабӣ барои 250 кӯдак, ки аз се ошёна иборат аст, бо тамоми шароити замонавӣ бунёд ёфта истодааст. Дар ин иншоот устоҳо аз шаҳри Ҳисор ва устоҳои «ПМК-278»-и шаҳри Панҷакент бо сарварии Олимҷон Саидов кор карда истодаанд. Ин иншоот бо харҷи беш аз 8 миллион сомонӣ бунёд гардида, маблағгузори он Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи Муштараки «Зарафшон» мебошад. Айни замон дар шаҳр 17 кӯдакистон фаъолият бурда, аз он дувоздаҳ ададаш тобеи шуъбаи маориф ва 3 ададаш хусусӣ аст.

Таҷдиди гулгашти устод Лоиқ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят анҷом дода, пайкараи нави шоир гузошта  ва дар ин ҷо корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва гулкорӣ анҷом дода мешавад, ин мавзеъ ба ҷои фароғату истироҳати мардум табдил хоҳад ёфт.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат баҳри ободонии маҳалли худ соҳибкорон низ амалҳои нек анҷом дода, бо иқдоми онҳо чандин биноҳои истиқоматии бисёрошёна, 5-6 адад тӯйхона бунёд ёфта истодааст. Дар ду таълимгоҳи садамавӣ- мактаби №64-и Ҷамоати деҳоти Вору ва Ҷамоати деҳоти Шинг бинои нав сохта шуд. Дар назар аст, ки соли равон боз дар ду мактаби садамавӣ бинои нав бунёд карда шавад.

Тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат соли 2017 бояд 12  коргоҳи хурду миёнаи саноатӣ ифтитоҳ мегардид. Амалан даҳ корхона, аз ҷумла коргоҳҳои истеҳсоли сафолакҳои роҳравҳо, хишти бетонӣ, дӯзандагӣ, қаннодӣ ва амсоли инҳо ба кор шуруъ карданд. Баҳри амалигардонии нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент таъсиси дувоздаҳ  коргоҳ, аз ҷумла корхонаи шустан ва коркарди регу шағал, истеҳсоли плитаҳои бетонӣ, корхонаҳои истеҳсоли қолинҳо ва дигарҳоро ба нақша гирифтааст.   

Дар соҳаи кишоварзӣ дар самти афзунгардонии ҳосилнокии маҳсулот давоми солҳои охир пешравиҳои намоён ба амал омада, тавре Фарҳод Ҳамзаев иброз дошт, раиси шаҳр ҳамчун мутахассиси соҳибихтисоси соҳаи кишоварзӣ иқдомҳои тоза ба тозаро амалӣ мегардонад. Танҳо соли гузашта беш аз 500 тонна тухмии хушсифати картошка аз кишвари Федератсияи Русия ворид карда шуда, ин имкон дод, ки ҳосилнокӣ аз ҳар гектар баланд бардошта шавад. То имрӯз бошад, 200 тонна тухмӣ дохил карда шудааст ва ҳамин тавр дар назар аст, ки то 1000 тонна тухмии картошкаи аълосифат ворид ва навъҳои тухмии мавҷуда бо навъҳои серҳосил иваз карда шавад.

Алҳол дар соҳаи кишоварзӣ ҳамаи 18 истгоҳи обкашӣ ба фаъолият омода буда, обёрии бонизоми заминҳои кишти хоҷагиҳоро таъмин хоҳанд кард.

Соли 2017-ум 2 корхонаи истеҳсоли ангишт – «Сиёвуш-Ф» ва «Дион-ангишт» аз фаъолият бозмонда буд. Аз аввали соли равон фаъолияти ин корхонаҳо аз ҷониби соҳибкорон ба роҳ монда шуд. Бо кушода шудани роҳи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон минбаъд  ҳамкории дуҷониба  вусъати тоза мегирад.

Таҷдиди роҳи мошингарди «Айнӣ-Панҷакент» аз ҷониби Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба амал оварда, ҳамчунин терминали наздисарҳадӣ  сохта шуд. Дар идомаи корҳои бунёдкориву созандагӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сохтмон»-и шаҳри Ҳисор дар деҳаи Амондара ба ҷои ҳавлиҳҳои аз офати табиӣ - сел зарардида 10 манзили нави истиқоматӣ сохта, ба истифодаи сокинон дода шуд.

Ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай сабзкориву ободонӣ вусъати тоза мегирад. Гулу гулбуттаҳо, ниҳолҳои ороишиву сояафкан  фазои шахрро дилоро менамояд  Бо ин максад бештар аз 4-5 ҳазор бех нихоли дарахтон шинонда шуданд.

Дар шаҳри Панҷакент мардум бо рӯҳияи идона ба истиқболи шоистаи меҳмонони олиқадр, ҷашнгирии сазовори иди Наврӯзи чахони омодагии хамачониба мебинанд.

Add comment


Security code
Refresh