Баҳор фасли зебоиву шукуфтанҳост...

Фасли баҳор, ки худ фасли зебоиву шукуфтанҳост, барои анҷоми сабзкориву ниҳолшинонӣ хеле мусоид аст. Бинобар ин имрӯзҳо дар гӯшаву канори вилоят маъракаи ободонӣ бо ҷалби кормандони касбу кори гуногун, хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ ва сокинони шаҳраку маҳаллаҳо бовусъат ҷараён дорад. Дар рӯзҳои истироҳатӣ тибқи дастуру супоришҳои иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Шаҳристон корҳои ободонӣ бо ҷалби сокинону кормандони касбу кори гуногун ба роҳ монда шуд.

Бояд қайд намуд, ки ноҳияи Шаҳристон дар шафати шоҳроҳи Хуҷанд-Чаноқ ҷойгир буда, ҳамарӯза ҳазорҳо нафар шаҳрванд аз ин роҳ равуо доранд. Аз ин хотир, соҳибкорон дар шафати шоҳроҳ иншооти гуногуни хизматрасонии замонавӣ сохтаанд, ки имрӯз симои ноҳияро хеле зебо гардонидааст. Бар замми ин, бо азму иродаи сокинони ноҳия дар шафати шоҳроҳи мазкур боғҳои навъи мевадиҳанда, дарахтони сояафкану ҳамешасабз парвариш ёфта, ин мавзеъро боз ҳам ҷолибу тамошобоб гардонидааст.

Дар доираи ин иқдоми ободкорӣ дар кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳо дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шуда, дар шоҳроҳи Хуҷанд - Чаноқ бошад, сокинон ба ободонӣ баромада, гирду атрофро аз ҳар гуна партову алафҳо тоза ва бехи дарахтонро нарму танаи онро сафед карданд.

Шаҳло Саидалиева – директори Муассисаи давлатии таълимии литсейи аграрӣ - саноатии ноҳияи Шаҳристон: - ҳар ҳафта рӯзи шанбе мо, кормандони литсей тасмим гирифтем, баҳри ободонии Ватани азизамон саҳмгузор бошем. Имрӯз дар мувозинаи муассисаи мо хоҷагии таълимӣ - истеҳсолӣ мавҷуд аст, ки он дар назди шоҳроҳи Хуҷанд - Чаноқ ҷойгир мебошад. Аз ин рӯ, ба нақша гирифтем, ки дар масоҳати зиёда аз 2 километр қад-қади шоҳроҳ ниҳолҳои сояафкану ҳамешасабз, аз қабили моҷевелник ва сӯзанбарг шинонем. Дар ҳашар беш аз 200 бех ниҳол шинонида, бо идома додани ин иқдом саҳми хешро дар ободу зебо гардонидани диёр, хоҳем гузошт, - мегӯяд мавсуф.

Яке аз суннатҳои қадимаи миллати тоҷик дар айёми ҷашни Наврӯзи аҷам бунёд кардани боғ, тозаю ободгардонии муҳити гирду атрофи маҳал, деҳа, шаҳру ноҳия маҳсуб меёбад. Аз ин хотир, сокинони меҳнатқарини ноҳияи Шаҳристон низ тасмим гирифтанд, ки тавассути иқдомҳои неки ниёгон дар корҳои ободонии ноҳия саҳми арзандаи худро гузоранд.

Вусъати кор дар фасли баҳор

Ҳамчунин, сокинони шаҳри Бӯстон низ дар рӯзҳои истироҳатӣ ба ҳашар баромада, баҳри ободонии гирду атрофи шаҳр ҳиссаи худро гузошта истодаанд.

Кароматулло Баҳодуров - раиси маҳаллаи Сомониёни шаҳри Бӯстон:

- Имрӯз сокинони маҳалла, намояндагони муассисаҳои таълимӣ барои ободу зебо гардонидани шаҳр камари ҳиммат бастаанд, ки ин дар партави иқдомҳои ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода амалӣ мегардад. Ҳадаф аз ин сарсабзу зебо гардонидани диёр ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯзи фархунда буда, дар ин раванд корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд.

- Чӣ хеле ки мегӯянд ободӣ аз хонадон оғоз мегардад, кӯчаву хиёбонро бояд ҳар як фарди баору номуси диёр тозаву обод гардонад. Аз ин рӯ, азм дорем, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе корҳои ободониро дар кӯчаву хиёбонҳо ба роҳ монда, симои шаҳрро боз ҳам зебо ва ба як макони дилрабо табдил диҳем, - зикр дошт номбурда.

Бояд гуфт, ки бо омадани фасли зебои табиат, баҳори нозанин ва Наврӯзи аҷам тамоми сокинон ба корҳои саҳроӣ оғоз мекунанд, зеро яке аз фазилатҳои неки Наврӯз ин тозаву обод намудани диёр мебошад.

Ҳабиб Хоҷаев - намояндаи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Бӯстон:

- Аз ниёгони бузурги мо як анъанаи нек мерос мондааст, ки ин бо фарорасии фасли баҳор, пеш аз ҳама, тоза кардани ҷӯю ҷӯйборҳо, кӯчаву хиёбонҳо оғози корҳои ободонию созандагӣ мебошад. Имрӯз кормандони хоҷагию манзилии коммуналии шаҳр тибқи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни миллии тоҷикон - Наврӯзи Аҷам корҳои созандагиро хуб ба роҳ монда, дар ин самт зиёда аз 3 ҳазору 400 метр ҷӯйбори ҳудуди шаҳр тоза гардид. Беш аз 2 ҳазору 300 бех гули ҳамешасабз, 8 ҳазор бех қаламчаи гули садбарг ва 5 ҳазор тухми гули лола дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр шинонида шуд.

Рӯзҳои истироҳатӣ шумораи зиёди сокинон, кормандони ташкилоту муассисаҳо дар шаҳри Бӯстон ба ҳашари дастаҷамъона баромада, ниҳолу гулҳои ороишӣ шинониданд.

Дар маҷмӯъ, мардуми шарифи вилоят бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллати худ баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешанд ва баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни фархундаи тоҷикон - Наврӯзи Аҷам корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh