Ҳунармандии бонувон –рӯзгори дурахшон

Дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ бахшида ба «Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» толибилмони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 2. 5, 11 ва 26-и шаҳри Хуҷанд бо ҳунармандони номии вилоят вохӯрӣ баргузор гардид.

Сарвари китобхона Муаззама Расулова дар бораи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва ҳунар - ганҷинаи пурарзиш ва ҳунарманд - заргари беҳамто маълумот дод. ҳунармандони марказҳои таълимӣ - истеҳсолӣ Муҳаббат Абдуқодирова, Сорохон Баротова, Шафоат ӯзбекова, Қурбоншех Юлдошев ва дигарон маҳсули ҳунари хешро ба маърази тамошо гузошта, аз боби ҳунар ва ҳунармандӣ, таърихи онҳо ҳозиринро ошно сохтанд. Толибилмон Муҳайё Алиева ва Шаҳзода Маҳмудова доир ба ҳунар ва ҳунармандӣ шеъру таронаҳо қироат карданд.

Т.ҶӮРАЕВА 

Add comment


Security code
Refresh