Ҳунар аз молу мероси падар беҳ!

Ҳар фарди ҷомеа, махсусан занону бонувони мо бояд шукронаи давлати соҳибистиқлол, озодиву осоиш ва сулҳу оромиро карда, дар пайи ба даст овардани касбу ҳунар талош намоянд, барои худашон хонаву дари обод, аз имрӯза дида хубтар муҳайё кунанд, боиффату соҳибмаърифат бошанд, бо андешаву пиндори неки худ номбардори ин Ватан, ин миллат ва ин марзу бум бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Дилбари ҳамакора

Дилбар муаллима, бофанда, дӯзанда, пойафзолдӯз, маҳсидӯз, кӯрпаву кӯрпачаву болиндӯз. ӯ бонуест, ки беш аз чил ҳунарро аз бар намудааст. ӯ бонуест, ки ба қавли калонсолон, аз ҳеҷ чиз ҳар чиз месозад. Дар солҳои мушкили замон мисоли баъзеҳо «чӣ кор кунам…?» нагуфт, ба кӯчаи сарбастаи зиндагӣ дар намондааст, балки аз рӯи гуфтаи волидайн рафтор кард. Аз либосҳои кӯҳна чизеро дар хаёл оварда, либоси дигаре омода сохтаасту аз сабзавоту меваҳо қандалоту шириниҳо ва дигар хӯрокҳои сабукро омода сохта, пешкаши фарзандонаш намудааст. Бо меҳнати ҳалолаш ҳамроҳи ҳамсафари ҳаётиаш Fайбуллоҷон Рустамов бори зиндагиро кашидааст ва аз солҳои мудҳишу вазнини ҳазору нӯҳсаду навадум раҳоӣ ёфтааст.

Пас аз чанде боз маҷбур рахти сафар баст, чун дигар муҳоҷирон заҳри мусофирӣ чашид. Вале тавре худаш мегӯяд, он қадар дар пастиву баландии ҳаёт пешпо нахӯрдааст. Худ ки муаллима аст, дар ҳамон шаҳри мусофирӣ низ аз китобу рӯзномаву маҷаллаҳо канда набуд. Мекӯшид аз хабару навовариҳои шаҳри Москваи Федератсияи Русия, ки дар он ҷо бо меҳнат машғул буд, огоҳӣ дошта бошад.

Инак, ҳамин рағбаташ ба рӯзномаҳои давр буд, ки рӯзе чашмаш ба эълони мӯҳрабофон афтод ва суроғи он манзил намуд. Он маконро дарёфт. Дар ҳуҷрае ду - се нафар занони калонсол бо мӯҳрабофиву ҳалқасозиву дастбандбофӣ машғул буданду маҳсули меҳнати онон рӯи миз гузошта шуда буд. Баробари ворид гардидан аз маҳсули меҳнати омодасохтаашон чашм наканда, ба ҷои салому алейк аз қаъри дилаш шодиву сурурашро бо оҳанги «ваҳ» баён кард. Он се нафар зани рус ба ин шавқу ҳаваси тоҷикзан шод гашта, гуфтанд «аз ту ҳунарманди хубе мебарояд. Ту дар як муддати кӯтоҳ ин ҳунарро азбар хоҳӣ кард, зеро баробари дидан ба ин санъат дил бохтӣ» ва дар хулосабарории худ онон хато накарданд.

Дилбохтаи санъат

Дилбар дар як муддати кӯтоҳ санъати мӯҳрабофиро азбар кард. Бо эҷоду тафаккуру хаёлоти худ аз нишондоди русзанҳо боз ҳам зеботар ҳалқаву гарданбандҳоро омода намуд. Ва пас аз се сол Дилбар Бӯриева ҳамроҳи духтараш Дилрабо ба ҳамёнаш маблағи бо меҳнат дарёфтааш ва инчунин чун бонуи ҳунарманд боз соҳиби як ҳунари дигар шуда, ба зодгоҳаш баргашт.

Маҳсули меҳнати омодакардаашро чун туҳфа нахуст пешкаши фарзандонаш намуд. Ҷигарбандон аз ин туҳфаи модар шод гашта, шодмонии хешро бо ҳамсолонашон тақсим намуданд. Ва дугонаву хешу пайвандон низ талабгори чунин санъати воло гаштанд. Вақте шумори хоҳишмандони санъати воло зиёд шуданд, Дилбар чун омӯзгори қаблӣ талабгорони санъати нотакрорро назди худ даъват намуда, аз касби мӯҳрабофӣ огоҳ сохт.

Устоди сахтгир соҳиби грант

Бо мақсади азбар кардани ин ҳунари нотакрор то поси шаб бонувону духтаракони зиёде дари ӯро мекӯфтанд. Дилбар аз чунин ранг гирифтани кор шод буд, зеро ҳар нафарро ӯ меҳнатқарин дидан мехоҳад. Минбаъд ӯро ба коллеҷу макотиб ва ателйеҳо даъват менамуданд. Духтаракону бонувон ва занони хонанишинро Дилбар дар як муддати кӯтоҳ ҳунарманд сохт. Азбаски талабгорони ҳунараш зиёд гаштанд, барои ҳамаи ононро бо мизу курсиҳо ҷойгир намудан мушкилӣ кашид. Борҳо таъкид месохт, ки ҳар яке дар соати муқарраргардидааш биёянд, аммо ташнагони омӯхтани ин ҳунар изҳор медоштанд, ки «боке нест, то холӣ шудани мизи корӣ ман рост истода, кори ҳамроҳонамро аз назар мегузаронам».

Вақте аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят оид ба гирифтани Грант ба ҳунармандон озмун эълон гардид, Дилбар ҳам лоиҳаи хешро пешниҳод карда, соҳиби маблағи муайян шуд. Дар хонааш бошад ҳам, барои шогирдон шароити хуб муҳайё сохт.

Шогирд аз Озарбойҷон!

Дарвоқеъ, як хусусияти шоистаи Дилбар Бӯриеваро бояд хотиррасон намоям, барои ӯ калимаи «не» вуҷуд надорад, пиру ҷавоне, ки дарашро бо мақсади азбар кардани ҳунар мекӯбанд, дасташ бигирифтаасту аз ҳунараш огоҳ сохтааст. Лоиҳааш оид ба соҳиб гардидани Грант барои даҳ нафар шогирд омода шуда бошад ҳам, аммо шумори дастпарваронаш дар як баст то ба бист нафар расидааст.

- Шумори шогирдонам агар гӯям, ки ба беш аз сад нафар расидааст, хато нахоҳад шуд, - мегӯяд ӯ. Ва боиси хурсандист, ки шогирдонаш санъати мӯҳрабофиашро то ба Озарбойҷон бурдаанд. Чанд муддат Гузал ном духтараке аз давлати Озарбойҷон омада, аз сеҳри ҳунари ӯ огоҳ гашта, алҳол дар ватани худ бо касби аз Дилбар омӯхтааш зиндагиашро беҳтар карда истодааст. Аз шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон, ноҳияҳои наздиктарини Бобоҷон Ғафуров, Спитамену Ҷаббор Расулов дари ӯ кӯфтаанд ва нозукиҳои касбашро азбар намудаанд.

Аз табори ҳунармандон

Аслан гирем, Дилбар дар оилаи ҳунарманд тавлид шудааст. Падараш Давронбек Бӯриев дар замони худ пойафзолдӯзи машҳур ва модараш Бисангин Саидова дӯзандаи моҳир буданд. Модараш ба қавле аз осмон нусха гирифта, куртаву камзӯл ва рӯймолҳои рангобаранг медӯхт. Талабгорон, мизоҷони зиёде дари остонаи падарашро охурча мекарданд. Ва Дилбари ҳамакора гоҳе дар назди модар бо сӯзану дӯхтан овора буду гоҳе ҳамроҳи қиблагоҳиаш мехчаҳои қатшударо бар рӯи санге гузошта, рост мекард.

Волидайн дар баробари омӯзонидани ҳунари худ аз баду неки ҷаҳон низ ҷигарбандонашонро огоҳ месохтанд. Ҳамин панду андарзи бузургонро ёдовар гаштани волидайнаш буданд, ки пас аз касби мӯҳрабофиро азбар намудан ҳунари хешро ба беш аз сад нафар омӯзонид.

Пас аз хатми мактаби миёна Дилбар роҳи факултаи математикаи Институти педагогии шаҳри Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров)-ро ихтиёр кард ва беш аз сӣ сол дар мактаби миёнаи рақами сиюми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров булбулакони боғи донишро бо илми риёзӣ ошно сохтааст. Пеш аз мусофират дар Гимназияи “Нур” низ фаъолият бурд.

Ҳунар ӯро парвоз бахшид

Ба шарофати маҳсули меҳнаташ аъзои Иттифоқи ҳунармандон гардида, Дилбар Бӯриева дар Маркази “Исмоилиён”, “Пойтахт – 90”, “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе, намоишгоҳ ва чорабиниҳои вилоятие, ки дар шаҳри Бӯстон, Қасри варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ва дигар мавзеъҳо баргузор шудааст, ширкат варзида, соҳиби сипоснома, шаҳодатнома ва ғайраҳо гаштааст.

ӯ мафтуни ҳунари хеш аст ва аз сифату хусусияти ҳар як маҳсули омодакардааш бо шавқ ҳарф мезанад. Ҳалқаву мӯҳраҳояшро, ки аз сангҳои табиии фирӯзаи сабзу кабуд, гетатит, лоҷувард ва ғайраҳо омода гардидаанд, «Нозанин», «Баҳор», «Мавҷ», «Шарлотта», «Тӯмор», «Шаддаи марҷон», «Дастагул», «Марҷон» ва «Арӯс» номгузорӣ кардааст.

Имсол мо, ҳунармандон шодем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон Соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Ин иқдоми хуш ҳамаи мо, ҳунармандонро шод гардонд. Барои мо, ҳунармандон мораторий эълон карданд ва шодам, ки аз маҳсули меҳнатам маблағи арзандае бароям боқӣ мемонад.

Фарзандон идомабахши кори модаранд

Метавон гуфт, оилаи Дилбар Бӯриева идомабахши кори падару модаранд ва ҷигарбандонаш Ҳикматой, Гавҳарой, Иззатой, ӯғулой, Раҳматулло ва Дилрабо низ аз аҳли ҳунаранд. Чанде пеш духтараш Дилрабо дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии ӯзбекистон ҳунари сандуқсозии худро пешкаши аҳолии ҳамсоякишвар намуда, бо маблағи зиёде баргашт.

Дилбар Бӯриева аз ҳунари худ болида мегӯяд:

Ҳунар аз кони тилло, кони зар беҳ,

Ҳунар аз молу мероси падар беҳ!

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
Аълочии матбуоти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh