Тақдими гранти раиси шаҳр

Дар толори Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд намоиши ҳунарҳои дастии мардуми Хуҷандшаҳр таҳти унвони «Ҳунар беҳ аз симу зар» баргузор гардид. Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода нахуст аз маҳсули дастони муъҷизаофари ҳунармандон дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд дод. Қайд гардид, ки дар гузашта дар шаҳри Хуҷанд 4,5 ҳазор устохона мавҷуд буда, дар он беш аз 18 ҳазор нафар бо ҳунармандӣ машғул буданд.

Танҳо давоми соли 2017 бошад, дар 5 маркази атласу адрасбофии шаҳр зиёда аз 15 ҳазор метр матоъ бофта шуда, ҳунармандон бо гранти раиси шаҳр тақдиронида шуданд. Ҳамчунин, раиси шаҳр иброз дошт, ки бо мақсади ҳавасмандӣ ва дастгирии ҳунармандон дар соли 2018 маблағи гранти раиси шаҳр ба 120 ҳазор сомонӣ расонида мешавад.

Ҳунарманд Сабоҳат Абдуллоева андешаҳояшро бобати рӯ овардан ба таърих ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, зиёд намудани теъдоди мағозаҳои ҳунармандӣ ва дастрасӣ бо ашёи хом, дастгирии мақомоти маҳаллӣ аз номи тамоми ҳунармандон изҳори сипос гуфта, иброз дошт, ки ҳунармандон вазифадоранд тамоми нозукиҳои ҳунари худро ба насли ҷавон, занону духтарон омӯзонанд.

Суруду таронаҳои дилангез ва рақсҳои мавзуни дастаҳои ҳунарию санъаткорон табъи иштирокдоронро шод гардонид.

Шоира САЛИМОВА

Add comment


Security code
Refresh