Омезиши ду дарёи санъат

Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Ворис Раҳмонзодаро аксарият чун мутахассиси соҳаи мусиқӣ мешиносанд. Зеро, оҳангҳои дилнишини ў аллакай сомеъон ва мухлисони худро доранд. Оҳангҳои дар ҷанрҳои классикӣ ва муосир офаридаи ўро дар бештари намоишномаҳо ва суруду таронаҳои ҳофизон шунидан мумкин аст. Имрўз бо тақозои тақдир ў сарварии Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандиро ба дўш дорад.

Суоле ба миён меояд, ки оҳангсоз оё иртибот бо театр дошта метавонад?

Мо ба ин суол посухи муносиб ёфтем. Тавре ҳуҷҷатҳо гувоҳӣ медиҳанд, дар кўлбори ў як қатор оҳангҳое вуҷуд доранд, ки барои пйесаву спектакл ва намоишномаҳои театрӣ офарида шудаанд. Аз қабили намоишномаҳои театрии «Парчами Тоҷикистон», «Равзанаи умед», «Маҳастии Хуҷандӣ», «Тоҳир ва Зўҳро», «Достони ишқ» «Чароғаки солинавӣ», «Табиби зўракӣ», «Дурдонаи доно» ва ғайра аз рўи оҳангҳои ин оҳангсози шинохта ба намоиш гузошта шудаанд.

Бармеояд, ки дар вуҷуди Ворис Раҳмонзода ду санъат ба ҳам омезиш ёфтааст: санъати театр ва мусиқӣ. Тавре маълум аст, ҷазабаҳои саҳна аз қабили гиряҳои риққатбор, буғзу нафрат, хандаву масаррат, висолу ҷудоии қаҳрамонҳои намоишномаҳои театрӣ бидуни мусиқа ҷозиб намешаванд. Аз пайдоиши театр низ метавон омўхт, ки театр ва мусиқа ба ҳам тавъаманд. Ягон намоишномае бидуни мусиқа наметавонад муассир бошад. Аз ин хотир, ба ҷанрҳои гуногуни театр офаридани оҳанг аз санъаткор маҳорату малакаи бузург ва дониши касбиро талаб мекунад.

Пас бармеояд, ки ба сифати сарвари театр баргузида шудани мавсуф бесабаб нест. Зеро бовар аст, ки дигаргуниҳо дар раванди фаъолияти кории театри номбурда бо иқдомҳои Ворис Раҳмонзода рўйи кор меоянд.

Ибтикорҳои ҷадид аз қадамҳои нахуст

Чунонки аз нахустин рўзҳои ба фаъолият оғоз намудани Ворис Раҳмонзода бармеояд, як қатор дигаргуниҳо ба амал оварда шудаанд. Лозим ба ёдоварист, ки шуруъ аз баҳори соли 2018 ба шаҳру ноҳияҳои вилояту ҷумҳурӣ сафарҳои ҳунарӣ дар назар дошта шудаанд.

- Ба театри Хоҷа Камол омада, аз барномаҳои он дидан намудан на ба ҳамаи мардуми минтақаҳои дурдаст муяссар мегардад. Азм дорем, ки барои шод гардонидани мухлисон бо аҳли ҳунармандон ба сафар мебароем. Аз ин хотир, баҳри наздик кардани завқи мардум ба театр ва огоҳ сохтани кормандон аз зиндагии мардум, чунин ибтикорро роҳандозӣ хоҳем кард. Зеро театр зиндагӣ аст ва он аз бурду бохти мардум қисса мекунад. То замоне, ки ҳунармандон зиндагии мардумро аз наздик бо чашмони худ набинанд, нақшҳои муассиру ҷаззоб бозиданашон ба гумон аст, - мегўяд Ворис Раҳмонзода.

Бармеояд, ки театр як қолаби кўҳнаи шахшуда нест. Он дар ҳар давру замон вобаста ба завқу салиқаи мардум бояд фаъолият намояд. Ин нуктаи муҳимро роҳбари тозаинтихоб хуб дарк мекунад.

Нақшаҳо дар соли равон

Чуноне мавсуф иброз дошт, дар ин сол нақшаҳо зиёданд, нияти гузоштани намоишномаҳои нав ба нави ҷолиб, ба монанди асарҳои Ҷумъа Қудус «Зани шаҳрӣ», нависандаи араб Тавфиқ-ал-Ҳаким бо номи «Султони гумгашта», «Як пула савдо»-и Вилям Шекспир ва чанд намоишнома ба нақша гирифта шудаанд. Ҳамзамон, бо дархости зиёди мухлисон «Исёни арўсон» низ ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Гуфтан бамаврид аст, ки дар театр чанде қабл бо роҳбарии Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди рақс Гуландом Аюбҷонова даҳ нафар духтар даъват гардида, ансамбли рақсӣ ташкил шуд.

-Театр фақат макони намоишнома нест, тамошобинон аз якрангу якмаром будани саҳнаҳо хаста мешаванд. Ба ин хотир, мусиқа низ як ҷузъи ҷудонопазири театр аст. Кўшиш менамоем, ки бо гурўҳи оркестрӣ намоишномаи мусиқавиро бештар ба роҳ монда, бо суруду оҳангҳо табъи ҳаводоронро хуш ва навгониро ба саҳна аз нав барқарор намоем. Инчунин, бо ташкили ансамбли рақсӣ итминон дорем, ки баҳри рушди санъати рақс низ хидмати мондагоре ба ҷой оварем,-иброз дошт сарвари театр.

Тавре, ки аз суҳбат аён гардид, театр ба ҷуз омода намудани намоишномаҳо, дар корҳои хайриявӣ низ саҳми арзанда гузоштааст. Дар ин макон давоми ду моҳ ду консерти хайриявӣ гузаронида, маблағи ҷамъгардида ба Хонаи пирону маъюбон ва Хонаи бачагони шаҳр ҳамчун кўмакпулӣ ирсол шудааст.

 Фатҳи қуллаҳои баланди театр

Тавре ба ҳамагон маълум аст, санъати театр ибтидо аз солҳои ҳафтодум то ҳаштодуми асри гузашта фатҳи қуллаҳои баландашро паси сар кардааст, он замон толор пур аз тамошобин буда, чиптаҳо намерасиданд. Зеро, он вақтҳо завқи тамошобинон ва санъаткорони театр хеле баланд буду намоишномаҳои нав ба нав ва ҷолибу рангин ба саҳна гузошта мешуданд. Ба ин хотир, бо такя ба таҷрибаҳои пешин роҳбари нави театр мехоҳад ин равандро имрўз барқарор созад.

-Талош бар он дорам, ки ҳайати кормандон аз як гиребон сар бароварда, барномаву намоишномаҳои ҷолиб офаранд, мисли солҳои қаблӣ мардум ба театр шавқу ҳаваси зиёд пайдо намоянд ва толор пур аз тамошобин бошад. Бояд қайд намуд, ки тариқи кастинг озмун эълон намуда, ҳофизон, раққосаҳо ва ҳунармандонро ба кор ҷалб намуда истодаем. Инчунин, бо донишҷўёни факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров ҳамкорӣ намуда, ҷавонони болаёқат тариқи озмун ба кор даъват карда мешаванд, - мегўяд мавсуф.

 Нуктаҳо аз дафтарчаи меҳнатӣ

Ворис Раҳмонзода чун навозандаи хушсалиқа дар сози рубоби қашқарӣ ҳамроҳи шогирдон бо барномаҳои консертӣ дар радиои вилоят низ фаъолият намудааст. Зиёда аз ин, ҳамчун омўзгор фаъолият дошта, беш аз 30 нафар шогирд тарбия намуда, дар баланд бардоштани санъати мусиқа нақши муҳим дорад. Бо ташаббуси ў дар телевизиони ТВ-7-и шаҳри Хуҷанд намоишномаи мусиқавии «Наво»- роҳандозӣ гардида, ба сифати муҳаррир ва баранда саҳми ў дар ин барномаи рангини фарҳангӣ муассир аст. Узви Иттифоқи композиторони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Агар мо санъати театр ва мусиқаро ба ду дарёе шабоҳат диҳем, мебинем, ки дар ҳаёти ин марди санъат он аз баландиҳои кўҳсор ҷорӣ шуда, ба ҳам омезиш ёфтаанд, ки бовар дорем, бурди театри мазкур мебошад.

Шаҳноза Ҳомидова,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh