Ҳунар ганҷи зиндагист!

Ҳунари аҷдодӣ аз дигар ҳунарҳо бо фитрати воқеан табиӣ буданаш фарқ мекунад. Зеро он мавҷудияти худро бо ҳақиқати офариниши табиӣ ба маъраз мегузорад.

Дар Паёми навбатӣ бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ соли 2018 дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Бо ин ният тайи чанд соли охир ба ҳунарварӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, дар якчанд шаҳру навоҳии вилоятҳои мамлакат эҳёи ҳунарҳои миллӣ аз нав ба роҳ монда шуд.

– Боиси хушнудӣ ва фараҳмандист, ки давлату Ҳукумат барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ пайваста тадбирҳо андешида, ба ҳунармандон ғамхории махсус зоҳир менамоянд. Дар Паёми навбатӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуд, ки ба соҳибкорон ва ҳунармандон барои рушди ҳунарҳои мардумӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардида, озод намудани истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона аз пардохти ҳамаи намуди андоз ба роҳ монда шавад. Ин иқдоми Сарвари давлат минбаъд барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, фарогирии занону духтарон бо шуғли доимӣ ва ба ин васила таъмину беҳдошти рӯзгори хеш заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳунару меҳнатдӯстӣ инсонро ҳамеша соҳиби обрӯву гиромӣ мегардонад. Инчунин, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба ин нукта таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, баҳри дастгирии занону бонувони ҳунарманд тамоми чораҳоро меандешад. Бинобар ин шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати ҳунарпарваронаи Сарвари муаззами кишвар нақшаи чорабинии шуъбаро тарҳрезӣ намудааст. Аз ҷумла, ташкил ва гузаронидани намоишу вохӯриҳо, ташвиқу тарғиби ҳунарҳои мардумӣ байни аҳолӣ, ба таври ройгон омӯзонидани ҳунарҳои миллӣ ба духтарон, ташкили маҳфилҳои «Дастони моҳир» ва озмунҳо байни ҳунармандонро ба нақша гирифтааст, – иброз дошт мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Муяссар Сангинова.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аз ҷумла шуъбаи кор бо занон ва оила аз рӯи барномаҳои давлатӣ оид ба нақши зан дар ҷомеа, пешгирии зӯроварӣ ва хушунат дар оила корҳои тарғиботиву ташвиқотиро пурзӯр намуда, дар баробари ин баҳри ҷалби занони хонашин барои омӯзонидани ҳунарҳои халқӣ ва ба ин васила беҳ гардонидани шароити зиндагии онҳо саҳми арзанда мегузорад.

- Шуъбаи кор бо занон ва оила аз рӯи як қатор барномаҳои давлатӣ амал намуда, мизҳои мудаввар, тренингҳо, семинарҳои омӯзишӣ, озмунҳо, ҷаласаи шӯрои занон оид ба масъалаҳои эҳё ва тарғиби анъанаҳои миллӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, зӯроварӣ дар оила, пешгирии ҷинояткории занон, рушди саноати сабук ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардиданд. Инчунин, дар 22 маҳалла, ташкилоту муассисаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, фарҳангӣ - фароғатӣ амалиётҳои муштараки фарҳанги либоспӯшии миллӣ ва маданияти шаҳрдориро гузаронида шуд. Бо мақсади дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор 15 нафар бонуи соҳибкору ҳунарманд дар соли 2017 барои рушди фаъолияти соҳибкории хеш ба гирифтани гранти раиси шаҳр мушарраф гардиданд. Барои ин аз буҷети шаҳр 65 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Мақсад аз баргузории чунин озмунҳо ва вохӯриву таблиғот тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик, дарёфти беҳтарин ҳунармандони атласу адрасбоф, бо ҷойи кор таъмин намудани духтарони хонашин, кам намудани сафи занони муҳоҷир ва дарёфти корҳои баландмузд мебошад.

Барои боз ҳам аз байн бурдани зуҳуроти номатлуб, аз қабили тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳангу либоспӯшии ғайр ва пешгирии шомилшавии занону духтарон ба равияҳои ифротӣ корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ доир шуданд, – афзуд мудири шуъба М. Сангинова.

Гулҷаҳон Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh